​Изҳороти дотсентони кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълимӣ он Ҷӯлиева Г.Ҳ., Охунова У.Р.

Мо, устодони кафедра оид ба он шахсоне, ки дар хориҷи кишвар умр ба сар мебаранд ва фаъолияти созмонҳои террористию эктремистиро донистаю надониста ва ё сарфаҳм нарафта суханҳои бемантиқу бардурӯғ ҳарф зада истодаанд, боиси нигаронӣ аст. Чунончӣ, хабарнигори Восток-Нюз бо номи Сиддиқи Акбар, ки ашхоси пастфитрат тибқи дастуру барномаҳои таҳмилшуда ва нақшаҳои бадвоҳимаю фитнаангези ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиаш мехоҳад дар дили мардум шарифи Тоҷикистони орому осуда ва сулҳовар, байни мардумони бофарҳангу худшиносу худогоҳаш зиддияту нифоқу кина барангезад. Вале фаромӯш набояд кард, ки мардуми шарафманду заҳматпешаи тоҷик як маротиба гирифтори чунин дасисаву шиорпартоиҳо гардида, ин таҷрибаи талхро дар ҷисму ҷони худ озмуда буданд. Ин ҷо чанд нукта хеле ҷолиб аст, ки ин хабарнигори ивғоангез тавқи ғуломӣ дар гардан доранд, аслан моҳияти нақша ва ҳадафҳои ТЭТ ҲНИ-ро амиқ намедонад, ки онҳо гирифтори ҷаҳломези мураккабанд. Ин яқин аст, ки гурӯҳҳои тундраву ифротии зери сарпарастии ҲНИ ва роҳбари нокомшудаи он М. Кабирӣ мехоҳанд боз ба майдони сиёсӣ ворид шуда, фазои ороми ватани маҳбуби моро ноором созанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дошта, барои ин гуна зуҳурот сарҳади байнидавлатӣ, миллат ва дин, муқаддасоти дигар низ вуҷуд надорад. Имрӯз ки аз зуҳури мушкилоти рақами яки ҷаҳон – терроризму экстремизми байналхалқӣ тамоми сайѐра дар ташвиш аст, ҷомеаи моро зарур меояд, ки барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи он дастаҷамъона фаъолият барем ва барои ҳифз кардани амнияти миллӣ саъю талош намоем. Дар такя бо таклифу пешниҳодоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷиҳати мубориза алайҳи терроризму экстремизм ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар суханронӣ ва пешниҳодҳои қобили таваҷҷӯҳ менамоянд, амал карда, ваҳдату ягонагии сартосариро муҳофизат кунем. Зеро дар баробари Пешвои миллат мардуми тоҷик низ ҷиҳати нигоҳдошти сулҳу субот нақши бориз дошта метавонанд. Бунёд ва ҳифзи оилаи солим, таълиму тарбияти дурусти кӯдакон, масъулиятнокӣ дар ҳифзи муқаддасоти Ватан – марзу бум, амният, зиракии сиёсӣ ва монанди ин ҷиҳати мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа масъулияти ҳар як нафар шаҳрванди Тоҷикистон аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ