​Маҳалгароӣ ва оқибатҳои он

Дӯст доштани зодгоҳ ва маҳалли зисти худ амри табиист ва ҳеч бадие надорад, ба шарте, ки кас нисбат ба минтақаҳои дигар хусумату бадбинӣ надошта бошад. Вале ба қавли маъруф, талу теппаҳои маҳалли худро аз кӯҳҳои минтақаи дигар боло гузоштан, ифрот аст ва сабаби парокандагӣ ва набуди ваҳдат дар кишвар мешавад, ки метавонад оқибатҳои пешгӯинашавандае ба бор орад.

Ҳар кас хонадони худ, деҳа, шаҳр, кишвари худро дӯст медорад ва онро тавсиф мекунад, ки ҷои тааҷҷуб надорад. Ин маҳалгароӣ нест. Бад дидани маҳалли дигар, паст ҳисобидани сокинони он, бо шубҳа ба онҳо нигаристан, эътимод накардан фақат ба хотири аз маҳалли дигар будани онҳо маҳалгароист! Ҳар маҳал лаҳҷаву урфу одати худро дорад. Бо истеҳзо ба лаҳҷаву урфу расми маҳалли дигар муносибат кардан маҳалгароист!

Оқиабти маҳалгароӣ ин ҷангу ҷидол байни миллат оварда мерасонад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки маҳалгароӣ накунем, зеро аз як насл ҳастем ворисони Сомониёне.

Мо омӯзгорон муваззаф ҳастем, ки донишҷӯён ва кулли толибилмонро ба руҳияи хештаншиносӣ, ватанпарстӣ ва ифтихор аз ватану миллати хеш тарбия намоем, ки онҳо дар оянда номбардори аслу ватани хеш гарданд.

Мо ҳама якзамин, якзабон ва пайравони Пешвои миллат ҳастем!

Лоиқи бузургвор низ дар васфи Ватан ва ватандӯстӣ, тараннуми ишқ, накӯкорӣ, хештаншиносӣ инчунин муқаддас будани Ватанро шоир дар рубоии зерин басо ҷолиб баён намудааст:

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли ҳайкал зебост.

Олам ҳама ҷо азиз, лекин бар ман,

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ