​Изҳорот: Ҳарзагӯии душманони миллат

Миллати тамаддунофари тоҷик давоми давраҳои таърихӣ чандин буҳронҳо амалҳои душманонаро бо сари баланд паси сар кардааст. Хурӯҷи бемории вируси тоҷдор дар миқёси ҷаҳон муаммоест, ки ҳамаи оламиёнро аз хурд то калон ба таҳлука андохтааст. Дар ҳамаи мамлакатҳои олам ҳукуматдорон баҳри пешгирии бемории короновирус ва роҳ надодан ба бӯҳрони иқтисодӣ тамоми фашангҳои мавҷударо истифода намуда истодаанд. Танҳо қисми муайяни ҷомеа дар мамлакатҳо аз амалҳои ҳукуматдорон рози нашуда тадбирҳои гуногуни ҳалли масъаларо пешниҳод менамоянд. Лекин, қисми солими ҷомеа амалҳои давлатдоронро қобили қабул ҳисобида ба меъёрҳои муқарраргардида риоя менамоянд ва сиёсати давлати Ватаниашонро пурра тарафдорӣ ва дастгирӣ менамоянд. Бо сабаби дар кишварҳои дигар қарор надоштани ҳаракатҳои мухолифини ин давлатҳо ягон нафаре ба сӯи онҳо таънае эҷод намекунад.

Ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки таҳти сарварии одилона ва оқилонаи роҳбарияти олии кишвар барои пешгирии воридшавии короновирус тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодаанд, ки нигоҳдории карантини яке аз онҳост. Хушбахтона то имрӯз ҳаракати дастаҷамъонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи солимии кишвар буд, ки ин бемории сироятӣ ба ҳудуди Ватани азизамон ворид нашудааст. Аммо, бадхоҳони ватангадо, ки ҷомеаи солими Тоҷикистон онҳоро ҳамчун хасми нопок медонад, аз дур ба тадбирҳои мо эродҳои беасос изҳор мекунад.

Аъзои Паймони Миллии Тоҷикистон?! Шумо худатон кистед ва чӣ касбу ҳунар доред, ки ҷомеаи созандаро ноором сохтанӣ ва чӣ андешаи палид доред. Агар, Шумо инсонҳои солиму ботафаккур мебудед, бар ивази маслиҳатҳои муғризона ва хӯрдагирона ба Ватани аҷдодии худ баргашта баҳри пешбурди солимии ҷомеа хизмат мекардед. Вале, Шумоён чун каламушҳои аз киштӣ ҳангоми туҳфони шадид гурехта бо овози ларзону нидои маъюсона худро “донову ғамхор”-и мардуми Тоҷикистон мешуморед.

Мардуми шарифи Тоҷикистон аз тинати мурдоронаи Шумо бохабаранд ва эроду маслиҳатҳои Шуморо чун ҳарзагӯӣ медонанд ва аз он ҳазар мекунанд. Зеро, дар Ватани биҳиштосоямон донишмандону мутахассисони варзида ҳастанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маслиҳатҳои онон сиёсати дохилии худро ҷиҳати пешгирии мубталошавии мардум ба бемории короновирус пеш бурда истодааст ва муваффақ ҳам шудааст, ки то имрӯз диёри мо аз ин беморӣ озод аст. Насиб бошад, бо талошҳои якҷояи давлатдорон ва мардуми меҳнатқарини кишвар ин балои ногаҳони паси сар хоҳад шуд. Итминон дорам, ки давраи кӯтоҳ мегузараду мақоли халқии миллати куҳанбунёди тоҷик “Бадро бадиаш ба худаш занад ва бало ба пасаш” нисбати ҳарзагӯиҳои аъзои Паймони Миллии Тоҷикистон исботи навбатии худро меёбад.

Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология, дотсент Собиров М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ