​Оё ниқоб воситаи амалӣ кардани мақсад аст?

Тамоми халқу миллати дунё соҳибдину соҳибмазҳабанд. Ҳар дину мазҳаб аз замони пайдоиши хеш барои ҳидояти мардум ба роҳи рости зиндагӣ хизмат карда меояд. Аз ҷумла, дини Ислом ва китоби муқаддаси Қуръон ҳам саропо тарщибгару ҳидоятгари покиву покизагӣ, сидқу садоқат, ростиву росткорӣ ва щайра мебошад, ки ба ҳар як мусулмон аён аст.

Воқеан, имрӯз ҳарчанд Тоҷикистон давлати дунявӣ бошад ҳам, лекин дар он фаъолияти дину мазҳабҳо маҳдуд карда нашудааст ва мардумро ба касби одобу ахлоқи ҳамида, ваҳдату ягонагӣ ва дӯстиву рафоқат даъват намуда, барои сарсабзиву шукуфоии Ватани азизамон саҳми босазо мегузоранд.

Лекин, мутаассифона, имрӯз ТЭТ ҲНИ зери ниқоби «ҳимоятгари» дини ислом ва арзишҳои он баромад карда, мардумро ба таҳлука меандозанд, тухми ҳама гуна нооримиву нофаҳмиҳоро сабз кардан мехоҳанд, оромии кишвари азизамонро халалдор кардан мехоҳанд. Ҳар як фарди солимфикри ҷомеаи имрӯза худ медонад, ки аъзои ТЭТ ҲНИ чӣ мақсад дораду барои чӣ ин қадар ҷонгудозӣ менамояд. Онҳо барои амалӣ кардани аҳдофи мущризонаи хеш аз ҳама гуна буҳтону амалҳои зишт истифода бурданӣ мешаванд, бо ҳар воситати Ҳукумати Қонуни Тоҷикистони азизи моро сиёҳ карда, гӯё ҷаҳониёнро бовар кунониданӣ мешаванд, ки эшон ҷонибдори кишвари воқеан демокративу ҳуқуқбунёданд, ки ҳеч гуна зӯроварӣ дар он набояд бошад. Худ бехабар аз онанд, ки бо ҳамин талошҳои беҳудаашон, аллакай, қадру манзалати хешро назди ҷомеаи ҷаҳонӣ паст задаанд ва нисбати худ нафрати умумро бедор сохтаанд. Онҳо талабгори инсофанд, аммо худ беинсофанд, аз он ки щарқи ҷаҳолат гардидаанд. Талоши ҷоҳу мансабҳои хаёлӣ чашмонашонро «хира», майнаашонро гиҷ, вале забонашонро ҷавҳардор кардааст, то ки сари хешро барбод диҳанд. Устод Рӯдакӣ фармуда:

Замона гуфт маро хашми хеш дор нигоҳ,

Киро забон на банд аст, пой дар банд аст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ