​Саҳми тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар факултети забонҳои хориҷӣ бахшида ба 74-умин солгарди Иди Ғалаба мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми тоҷикистониён дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур устодону донишҷӯён роҷеъ ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва саҳми тоҷикистониён дар он маълумот дода, зикр доштанд, ки дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор тоҷикистонӣ иштирок карда, барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон додаанд. Илова гардид, ки барои ҳимояи Ватан на танҳо мардон, балки хизмати занону ноболиғон низ бориз аст. Онҳо дар заводу фабрикаҳо барои таъмин кардани ҷанговарон хизмат мекарданд. Ҳамчунин, занон ихтиёран дар сафи Артиши Сурх сафарбар гашта, чун ҳамшираи шафқат хизмат мекарданд.

Иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба муҳорибаҳои шаҳрҳои Москва ва Сталинград сухан карда, махсусан аз шуҷоати фиристодагони тоҷик ҳарф заданд. Ёдрас шуд, ки барои шуҷоатмандӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 55 ҳамватани мо бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи Ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардиданд.

Сипас, наворҳо аз ҳаёти ҷанговарон намоиш дода шуда, дар атрофи он мубоҳиса сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ