​Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии психологияи умумӣ

Масъалаи ҳиҷоб барои асосгузорони ТТЭ ҲНИ ба мисли байрақ табдил ёфа, бо ин роҳ тамоми мардуми кишварро ба тафриқа андохта истодаанд. Онҳо мардумро бо ҳаргуна андешаҳои ифротӣ, ки ҳатто дини исломро ба мардум дигаргуна муаррифӣ менамоянд, худро ҳамчун як нафари ботақво ва боку бегуноҳ дар чашми мардум ба ҷалва меоранд.

Ин назарфиребӣ ба беҳаёӣ ва беномусӣ оварда расонида истодааст. Тамоми инсонҳои зинокор ва савдогари қаторӣ, ки аз ислом бехабар аст, ба доми онҳо афтода ба як хидматгузори бепул табдил ёфтаанд. Чунин ҷинояткорон агар сари қудрат оянд ба онҳо на ҳиҷоб ва на Худою расул лозим намешавад.

Тамоми донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ ба он қоиланд, ки террористон, ки дар либоси як нафари тақводору боимон зуҳур мекунад, аввалин коре, ки ў анҷом медиҳад ташвиқи ҳиҷоб ба шумор меравад. Мо чунин нафарони хиёнаткору мубаллиғони роҳи шайтанатро маҳкум менамоем, ки имрўз онҳо ҳиҷабро тимсоли як либоси шайтонӣ табдил додаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ