​Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” Шоҳҷоиза ва се мақоми ифтихорӣ насиби дастпарварони донишгоҳ гардид

Дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” баргузор гардида, барандаи шоҳҷоиза ва ғолибони он муайян шуданд. Дар озмун 55 нафар довталаб, аз ҷумлаи хонандагон, донишҷӯён, шаҳрвандони синну сол ва касбу кори гуногун фаъолона иштирок ва байни ҳам рақобат намуданд.

Дар озмун 12 донишҷӯи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз рӯйи шартҳои аз ёд хондани осори адибон, асарҳои назмӣ ва насрии адибони классикӣ ва муосири тоҷик, намунаҳои осори адибони ҷаҳон мутолеа ва шарҳи асарҳои насрии адибони муосири тоҷик ва хориҷӣ ширкат варзиданд.
Як қатор донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар озмуни мазкур бо маҳорат ва малакаи фитрии хеш ба дастовардҳои шоён ноил гардиданд. Аз ҷумла, аз рӯйи номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти классикии тоҷик Шодмонбибӣ Шарофова, докторанти донишгоҳ сазовори ҷойи аввал ва Шоира Олимова, донишҷӯи факултети филологияи тоҷик, мақоми дуюмро касб намуданд.

Дар номинатсияи аз ёд кардану хондани осори адабиёти классикии ҷаҳон Манижа Воситзода, донишҷӯи факултети филологияи рус мақоми аввалро соҳиб гашт.

“Шоҳҷоиза” насиби Сарфарозиддин Иморуддинов, донишҷӯи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид.

Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар дар соли 2019 бори аввал роҳандозӣ гардида, ҳадафи аслии он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар мебошад.
Рӯзҳои наздик маросими ботантанаи тақдиронидани ғолибони даври шаҳрии озмун даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ