​Конфронс бахшида ба 70-солагии муҳаққиқи санъат

Дар раёсати МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Таълими фанҳо дар муносибати босалоҳият” бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 70-солагии олими шинохта, муҳаққиқи таърихи санъати тасвирии тоҷик, Аъолочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Академияи мусаввирии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Салимбой Ҳасанд баргузор гашт.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода конфронсро ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки баргузории конференсияи илмӣ-амалии умумидонишгоҳӣ таҳти унвони “Таълими фанҳо дар муносибати босалоҳият” аз татбиқи сиёсати маънавибунёду маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак дода, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва густариш пайдо кардани усулҳои нави таълими фанҳо дар макотиби олии кишвар аз падидаҳои тозаи даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад. Дар робита ба ин масъала, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла, факултети санъати тасвирӣ ва технология дар тайёр намудани мутахассисон ва омӯзгорони санъати тасвирӣ, нақшакашӣ ва технология, дизайни графикӣ саҳми арзанда гузошта истодааст.

Профессор Ҷамшед Ҷӯразода доир ба дастоварди илмию эҷодии устодони факултет сухан карда,истиқбол аз равобити факултети санъати тасвирӣ ва технология бо Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Бухоро, Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Ленини шаҳри Москва, Донишгоҳи давлатии ба номи Герсен ва академияи рассомии ба номи Е. Репини шаҳри Санкт-Петербург намуд.

Сипас, ректори донишгоҳ оид ба ҳаёту фаъолияти устоди эҷодкору навовар, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аъзои академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Салимбой Ҳасанов ҳарф зад.

Устодони факултет оид ба масоили “Асосҳои педагогии тайёрии бисёрфнксионалии донишҷӯён ба фаъолияти касбӣ”, “Саҳми устод Салимбой Ҳасанов дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳоимардумӣ”, “Ҳаснов Салимбой – санъатшиноси бахши Академияи мусавварии Тоҷикистон дар вилояти Суғд”, “Устод Салимбой Ҳасанов – раҳнамои ҷавонон” маъруза карданд.

Дар фароварди чорабинӣ, рактори донишгоҳ Ҷамшед Ҷӯразода ба мавсуф туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, саломатии бардавом ва дар иҷрои рисолати пуршарафи омӯзгорӣ барору комёбӣ таманно намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ