​Якҷоя Тоҷикистонро обод месозем!

Имрӯзҳо дар саросари ҷаҳон оид ба гирифторӣ ба бемории “коронавирус” хабару гузориш, мақолаву нигоришҳои зиёде паҳн гардидааст. Назари тамоми воситаҳои ахбори омма, чӣ маҳалливу чӣ рақамӣ, чӣ давлативу чӣ ғайридавлатӣ ба гирифторӣ, паҳншавию тадбирҳои пешгирӣ аз он нигаронида шуда, ба таъбире “аз ҳар сар садое” бархост. Ва ин сару садоҳо низ фарқи инсонҳои некбину некназару некниҳоду аксуламали онҳо- бадтинатону бадандешонро муаррифӣ намуд... Албатта, аз рӯзи эҳтимоли паҳншавии сартосарии тамоми сайёра - пандемия эълон намудани гирифтории бемории “коронавирус” аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ВОЗ) беш аз ду моҳ паси сар шуду, ҳар як давлату ҳукумат ва бахусус, кормадони бахши тиббӣ ҳадди имкон ба ин пешомади ногузир омодагӣ диданд. Бо вуҷуди ин, ҳатто абарқудратон ё худ кишварҳое, ки худро узви “ҷаҳони аввал” мешуморанду дар мавриди муносибатҳои иқтисодӣ “тақдири кураи Замин” ҳал мекунанд, назди он оҷиз монданд, ки далелаш теъдоди гирифтории бемории коронавирус ва фавт аз он дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико- давлати аз ҷиҳати иқтисодиву ҳарбӣ, пешрафти илму техника пешрафтатарин, ба гуфтае дар ин хусус “якум”-и ҷаҳон аст. Агар ин рӯйхатро идома бахшем метавонем саҳфаҳои зиёде илова намоем....

Вале манзур ин ҷой онҳо чӣ карданду аҳолиашон чӣ кард ё гуфт нест, манзур дигар аст. Гап сари масъалаи мо –сокинони Тоҷикистон аст. Мо дар ин рӯзҳои вазнини Ватан чӣ кардему чӣ сару садое дорем? Коронавирус моро ба кадом ҳол овардаву баҳри раҳоӣ аз чанголи он фарзандони ин сарзамини кӯҳанбунёд чӣ тадбире меандешанд? ...

Чун дар боло ишора рафт, имрӯз тамоми воситаҳои ахбори омма роҷеъ ба ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти давлатҳову ҳукуматҳо, табибону аҳолӣ сухан меронанд. Дар тамоми сайтҳои иҷтимоӣ низ ҳар фард нуқтаи назари хеш баён месозад. Манзур аз ин изҳори назар низ ҳамин андешаҳои мардум, чӣ хабарнигорону касбиву чӣ табибону сиёсатмадорон ва чӣ одамоне, ки на ба гурӯҳи аввал (хабарнигорони касбӣ) ва на ба гурӯҳи дуюм(табибону сиёсатмадорон) шомиланд.

Гурӯҳе бар он назаранд, ки ин беморӣ ба зудӣ кишвари моро тарк хоҳад гуфт. Ба ҳайси далел кӯшишҳои ҳамҷояи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон, табибони ҳозиқ, аҳли ҷомеа ва расидани ёриҳои башардӯстона дар намуди ҳаргуна дорувориву маводи антисептикӣ, ташкили беморхонаҳои муваққатӣ баҳри мубориза бо сироятёбии одамон ва ба карантин фарогирии нафарони осебпазир ва монанди ин амалҳои некро, ки таҳти сарварии бевоситаи Пешвои миллат амалӣ гардида истодааст, мисол меоранд. Ин гурӯҳи одамони некназар инчунинтабиати биҳиштосои Ватан, фарорасии фасли гармо ва пӯхта расидани меваҳои табиии шаҳдбор, нурҳои офтоби тобон, ки ҳама боиси баланд гардидани иммунитет ва билохира ғолибияти организм бар ҳама гуна беморӣ, аз ҷумла коронавирус мегардад, далели зуд раҳоёбӣ аз гирифтории коронаврус медонад.

Гурӯҳи дигар тариқи воситаҳои ахбори омма, бештар шабакаҳои иҷтимоии тарғибгари андешаҳои иртиҷоӣ (Ахбор. ком, Паём. нет, Ислоҳ. нет, Кимиёи Саодат, Востокнюз, Озодандешон ва монанди инҳо) аз ин бадбахтии ба сари мардуми сайёра расида мисли лошахӯрони аз дуриҳои дур тӯъмадида табли шодӣ мезананд, мутаассифона донистаю надониста ба Давлату Ҳукумат тӯҳмат мекунанд, шаъну эътиборикормандони тиббиро поймол месозандуба иззати нафси онҳо мерасанд...

Бехабар аз мақсадҳои нопоки ин афроди ношуду нокас, мардуми одӣ, ки имрӯз дар тамоми гӯшаи олам ба шабакаҳои иҷтимоӣ дастрасӣ доранд, ин тӯҳмату бӯҳтонҳоро мехонанд ва чуноне ки мегӯянд: “нуқтаи назари ҳар кас ба қадри фаҳмиши ӯст”, ибрози назар месозанд, баъзан қисмати осебпазиру ноогаҳ аз ғаразу мақсадҳои нопок фирефтаву моил мегарданд. Мақсади асосии Кабирӣ-ҷуғзи палиди шумхабар ва ҳаммаслаконаш низ фирефта сохтани ин гурӯҳи осебпазиру ноогаҳ дар шинохти онҳост, то тинҷиву амонии ин кишвари аз бӯҳрони ҷанги шаҳрвандӣ нав раҳоиёфтаро халалдор созанду мардумони онро мутеъ ва фармонбари хоҷагони хориҷияшон бинанд. Барои Кабирӣ, Варқӣ, Саидюнуси Истравшанӣ (садақаи номи ин мавзеъи мардумонаш бовиқору сарбаланд гардӣ ту кӯрнамак!!!) мафҳуми “соҳибистиқлолии миллат” вуҷуд надорад. Онҳо аз рӯи мақоли “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” амал сохта, пули бо мақсадҳои ғаразнок барояшон ҷудосохтаи хоҷагонашонро “оши тан” сохтаниянд, зеро чун саги устухонгирифта содиқанду аз хоҷагонашон барои ҳар амали нопоки зидди ватани аҷдодӣ анҷомдодашон устухончае мукофот мегиранд, думликконон онро мехоянду аз паси мукофоти дигар мешаванд ва барои ин тамоми воситаҳои маъмулу номаъмулро истифода мебаранд. Билохира, онҳо беватананд, барояшон муқаддасоте нест ва ҷузъ худашону манфиатҳои шахсияшон манфиати касеву чизе даркор нест. Беномусона хешро “гурезаи сиёсӣ” хондаву аз аҷнабиён сарпаноҳ ва пуштибонӣ хостаанд, бозичаи дасти хоҷагони хориҷиашонанд. Бо амри хоҷагонашон ба ҳар рӯсияҳӣ қодиранд. Дар даврони ба сари миллат омадани бадбахтии навбатӣ дар симои “коронавирус” низ ин селаи ҷуғзҳо бо супориши хоҷагонашон аз ҳар камбудиву норасоии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва соҳаи тандурустии онҷор меандозанд, шаъну эътибори Ватану ҳаммиллатонро назди оламиён паст заданӣ мешаванд, бехабар аз онанд, ки “ибрози назар” –ашон ба кадомлаҳну забоне интишор наёбад, ба ғайр аз худашону ҳамватанонашон ба касе аҳмияту дахле надорад ё дошта бошад ҳам фақат бо мақсадҳои ғаразнок бар зидди ин миллат истифода хоҳад ёфт, ба гуфтае барои душманонамон ҷосус ҳам лозим нест, зеро инчунин фарзандони нохалаф беш аз садҳо ҷосус сирри моро фош месозанду, ҷойи осебпазирро (“панҷаи ахиллесӣ”-ро)ба душманонамон нишон медиҳанд. Ин мардуми аҳримансират фақат ба ҳамин қодиранд ва душмани ашаддии миллатанд.

Ман, чун як фарди Ватани маҳбубамон, ба тамоми ҳамватанон муроҷиат намуда мегӯям: ай ҳамватан, эй он ки дар ватанӣ ё муваққатан дар хориҷи он қарор дорӣ, эй он ки дар чигуна шароити душвори иқтисодӣ қарор дорӣ ё надорӣ(шукрона), ҳар фарде, ки имрӯз аз пандемияи коронавирус ҳангомае, таҳлукае месозаду ба дили мардумон тарсу ҳарос, ясъу ноумедӣ меандозад душмани меҳану инсоният аст. Ба ин одамсуратони аҳримансират гӯш наандозед. “Тарс- нимаи беморӣ, таҳаммулу оромӣ- нимаи солимӣ, сабру тоқат-нимаи солимгардӣ”-гуфтааст Синои бузург, ки бобокалонитамоми табибони олам эътироф гардидааст.

Биёед, атрофи Сарвари Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷамъ оем, аз як гиребон сар барорему барои пойдории миллат ба ҳам оем. Короновирус низ мисли вирусҳои дигар дер ё зуд паси сар хоҳад шуд. Он зуд аз байн хоҳад рафт, агар мо ба ҳам оему ба сафсатаҳои ҳазрагӯён бовар накунем, ҳар фарде қадри имкон барои рафъи беморӣ кӯмак намоем (аққалан бо риояи қоидаҳои беҳдошти гигиенаи шахсӣ,тавсияҳои табибон ва талаботҳо оиди худмуҳофизаткунӣ).

Мардуми сайёра дар таърихаш борҳо ба бемориҳои сироятии сартосарӣ ё ба таъбире “пандемия” дучор омадаву бо тадбире аз он раҳоӣ ёфтааст. Вале таърих гувоҳ аст, ки фақат сарҷамъӣ миллатҳоро давлату давлатҳороабарқудрат сохтаву парокандагӣ боиси маҳви давлат ва мутеият ба аҷнабиён гаштааст. Мутаассифона, омӯзиши таърихи гузаштаи миллати тоҷик далели андешаи болоӣ аст.

Биё, эй ҳамватан, атрофи Сарвари Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ гардему якҷоя коронавирусро ғолиб оем, то баъди пандемия низто абад дар харитаи дунё давлати соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад!

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ