​Қимати нангу номус ва ирсият

Ҳар миллат вобаста ба пайдоишу тамаддун сазовори мавқеи муайян дар ҷомеаи ҷаҳонист. Нафароне, ки метавонанд муаррифгари миллати худ бошанд, ангуштшуморанд. Зеро, алҳол дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯйдодҳои мухталифи ҳаводисҳо ба назар мерасанд, ки тавассути шабакаи Интернет ҳама аз он бохабаранд. Хусусан, ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сабаби гирифтани маълумоти бештар ҳам бо мазмуни матну намояндаи кадом миллат будани муаллифи он эътибори ҷиддӣ медиҳад. Метавон қайд намуд, ки дар даврони зиндагии озоди бадахлоқон ба монанди гомосексуалистҳо ва даюсон ҳар миллат бо намояндагони арзандаи худ арзишҳои маънавиашро баён мекунанду аз он амният меҷӯянд. Гарчанде, ки дар ҳар қавму миллат нафароне вомехӯранд, ки бо бадахлоқӣ, нопоки ва дигар амалҳои манфур боиси паст рафтани обрӯю эътибори миллату давлати худ мешаванд.

Имрӯзҳо, ки мардуми ҷаҳон бо сабаби паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар таҳлукаанд ва роҳҳои раҳоӣ аз ин офатро пайгирӣ менамоянд, муртадони палид дар пайи нақшаҳои сиёсии худ мебошанд. Онон ба зочаҳои худ аз қабили Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Истаравшанӣ, Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигарон гуфтаҳои муғризонаи худро ҷо мекунанду ин хоинони ватангадо тӯтивор онро такрор мекунанд. Шубҳае нест, ки ин афрод имону виҷдони худро бо маблағҳои ҳангуфт бадал кардаанду омодаанд, ки ҳар тӯҳмату бофтаи хоҷагонашонро обу ранг дода ба ҷаҳониён хабарҳои бардурӯғ расонанд.

Одатан, айёми муташанниҷ на ҳар мардеро ҳунар аст, ки дар майдони ҳарб бошад. Духтурон ва ҳамширагони тиббӣ имрӯзҳо барои иҷрои вазифаҳои бевоситаи худ дар пешоҳанги мубориза бар зидди коронавирус шабонарӯзӣ қаҳрамонона мубориза мебаранд, баъзеи онҳо дар он роҳ қурбон мешаванд ва ҳатто инро қаҳрамонӣ намешуморанд. Зеро, онон ғурури миллӣ, орият ва нангу номус доранд. Ватандору ватандӯст ҳастанду бошарафона қарзи инсонии худро иҷро менамоянд.

Тоифаи нафароне низ ҳастанд, ки дар ватани аҷнабиён бо маблағи хоҷагони аҷнабӣ ҳарзаҳоеро рӯи қоғаз меоваранд, ки ифодаи супоришҳои ин муртадони муғриз аст. Хусусан, дасисабозӣ ва иғвогарӣ дар ин лаҳзаҳои ҳассоси ҳаёти ҷомеа ба монанди рафтори девона дар ҷанозаи нафарест. Дар ҷараёни таърих борҳо мушоҳида гардидааст, ки нафароне, ки авлоду аҷдодашон беномус буданд ва насли онҳо низ дар хуну мағзашон ҳисси бадбинӣ, беномусӣ, беориятӣ ва ғайра ҷойгир аст, ки марбут ба ирсияти онҳост. Ин нафарони нохалаф ва манҳус имрӯзҳо низ аз мусибати мардум фоида меҷӯянд ва мехоҳанд, ки чун ҳамеша обро лой карда моҳидорӣ намоянд. Аз рафтору кирдори ин бадахлоқон, ки худро чуннамояндагони “шинохта ва маъруфи тоҷик” муаррифӣменамоянд, бӯйи бади манфур меояд. Зеро, ин нафарони наҳзатӣ, ки бешармона ба тоҷик будани худ ишора мекунанд, гурӯҳанд, ки зоҳирашон одамӣ асту нисбаташон истифода намудани вожаи “одам” ҳайф аст. Чунки, чунин ашхоси чоплусу дурӯя, хоину дурӯғгӯ, иғвогару дасисабоз, мазҳабфурӯшу номусулмон амалҳои хосаи тоҷиконаро намедонанд ва эҳтимол меравад, ки асли хунии онҳо аз қавми дигар аст. Зеро, тоҷик ва тоҷикистониён ҳеҷ давру замон ва вазъияти таҳлукавӣ амалҳои ношоистаи онҳоро намепазиранд ва нисбати чунин афроди хиёнаткору ватанфурӯши манфурлаънат мехонанд!

Месазад, ки имрӯз мардуми тоҷик бо табибони шифокор ҳамдарду ҳамраъй бошанд ва дар гирди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъона баҳри раҳоӣ аз офати коронавирус ва касофати наҳзатиён кӯшиш ба харҷ диҳанд!

Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ

“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент Собиров М.С.

Сармуаллими кафедраи геоэкологияи факултети геоэкологияи МДТ

“Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Дадобоев М.А.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ