​Изҳорот: Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт

Тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ гаштем, ки рӯзи 8-уми май дар сарҳади байни Қирғизистон ва Тоҷикистон, дар Исфара муноқиша ва задухӯрд ба амал омадаст. Даҳшатовар он аст, ки дар муноқиша силоҳои оташфишон истифода шуданд. Ин чи даҳшатест, ки дар ин давру замон, мардуми ҷаҳон аз вабои аср вируси“ COVID-19 ”мемиранду, лек мардуми ҳамсояи мо бошад меҷангад. Охир ин аз рӯи инсофу одамигарӣ нест. Бар замми ин дар ин, рӯзҳои мубораки Рамазон. Агар ба таърих рӯй оварем, аён мегардад, ки чандин урфу одат, анъана, маъракаҳои миллӣ, таомпазӣ, либоспӯшӣ, зироаткории мо ба ҳам наздик аст. Пас чаро мо имрӯз ҳамаи инро сарфи назар мекунему, ҷангем. Бигузор деҳқон кишту кор кунад. Ризқу рӯзии худро ёбаду фарзандонаш ва хонаводаашро обод намояд.

То кай мекунад давом ин корҳои бесомон, охир момардуми ба ору номуси қарнҳо ҳастем, ки бо рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек маъмули оламиён гаштаем. Мо бояд сарҷамъ бошем дар ин рӯзхои вазнин на ин ки, муноқиша кунем ва гапҳои беасосро паҳн макунем. Мо мардуми ба ору номус ҳастем ва як қатра ҳам ҳаққи касро намегирем. Зеро ҳаққи кас ҳаром асту насиб намекунад. Инро ҳатто кӯдаки хурдсол ҳам медонад. Пас чаро мо инсонҳои ба камол расида, соҳиби ақлу заковат нисбати худ ин гуна амалҳои беинсофонаро раво мебинем. Барои ҳаллу фасли ин корҳоро момақомотҳои дахлдор дорем ва бигузор онҳо ин масъаларо бо роҳи сулҳҷӯёна ва барои ҳарду кишвар муфид ҳаллу фасл намоянд, то ки мо мардуми дӯсту ҳамсоя дар фазои орому осоишта умр ба сарбарем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ