​Нашри мақолаи устоди донишгоҳ дар Афғонистон

Мақолаи муовини директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, Нуралӣ Нурзод дар нахустин шумораи солномаи вежаи мутолеоти адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии Ҳирот, “Номаи Бойсурғур”-,ки ба Муассисаи пажӯҳиши Бойсунғури шаҳри Ҳироти Афғонистон тааллуқ дорад, таҳти унвони “Сохторшиносӣ ва шиносоии сарчашмаҳои таълифи қасидаи “Туҳфат ул афкор”-и Алишери Навоӣ ба нашр расид.

Тавре сардабири солнома доктор Халилулоҳи Афзалӣ дар пешгуфтори хеш нигоштааст, “Ҳирот шаҳрест кашфношуда, ҳанӯз бисёре аз мутун ва манобеи муҳими ин шаҳр чоп ва мунташир нашудааст. Аз тарафи муҳаққиқон дар гӯшаву канори дунё ин вежагии Ҳиротро кашф карда ва машғули таҳқиқ дар ин ҳавза ҳастанд. Мо ба манзури ин ки битавонем ин даст аз осори муртаби ба Ҳиротро барои пажӯҳишгарон муаррифӣ кунем ва аз пароканда шудани бештари мабоҳиси ҳиротпажӯҳӣ дар маҷаллоти мухталифи дунё коста бошем, “Номаи Бойсунғур”-ро бунён гузоштем. Акнун дар ҳамин шумораи нахуст машҳуд аст, ки бо мақолоти хубу тозаи худ оинаи ваҳдати форсизабонон азШибҳи Қораи Ҳиндто Фароруду Эрон ва Афғонистон шуда ва ин амре бас муборак аст...”

Ёдовар бояд шуд, ки мақолоти фаслнома дар бахшҳои “Ҷустуҷӯ”, “Ҳиротшиносӣ”, “Ҳиравизодагон”, “Арзадошт”, “Тозадаргузаштагон” таркиб ёфта, мақолоти арзишманде дар заминаи корномаҳоисуханварони бузурги ин шаҳри қадима, ки ба сарнавишти миллати тоҷик бо зуҳури Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ пайванди муҳкам дорад, ба қалам омадаанд.

Тавре сардабири фаслнома ва роҳбари Муассисаи пажӯҳиши Бойсунғури шаҳри Ҳироти доктор Халилуллоҳи Афзалӣ дар суҳбати худ бо устоди донишгоҳи мо Нуралӣ Нурзод изҳор доштаанд, ин муассисаи илмӣ омода аст, минбаъд роҷеъ ба корномаҳои илмии олимони тоҷик, ки роҷеъ ба суханварону донишварони ҳавзаи адабии Ҳирот таҳқиқу пажӯҳиш анҷом додаанд, ҳамкорӣ намуда, дар нашри таҳқиқоти онҳо иқдом намояд. Аз ин рӯ, минбаъд устодоне, ки дар ин заминаҳо ба таҳқиқот машғуланд, дар баробари истифода аз матолиби фаслномаи мазкур метавонанд натиҷаҳои тадқиқоти хешро барои нашр ба он манзур намоянд.

Дар назар аст, ки дар шумораҳои баъдии фаслнома роҷеъ ба корномаҳои донишманди номвари тоҷик Аълохон Афсаҳзод, ки хидмати бузурге дар арсаи ҷомишиносии ҷаҳонӣ анҷом додаанд, матолиб ва мақолоте ба нашр расонад ва ҳамин тавр якояки ҳиротпажӯҳон ва муҳаққиқони бузургони Ҳирот аз Тоҷикистонро муаррифӣ намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ