​Халалдории этикаи журналистӣ аз ҷониби хабарнигори радиои Озодӣ!

Дар мамлакатҳои олам имрӯзҳо бо сабаби паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 мардум дар таҳлукаанд. Аз ин лиҳоз, як хабари беасос метавонад сабабгори пайдошавии воҳимаҳою ҳангомаҳо мегардад, ки вазъи ҷомеаро ноором месозад. Хусусан, хабарнигорон ва кормандони дигари воситаҳои ахбори умум (ВАУ) – ро мебояд, ки ҳар ҳарфи гуфта ё навиштаашонро аз нав санҷида баъдан ифшон намоянд. Дар акси ҳол, бо хабарҳои бардурӯғи худ онон боиси вайроншавии ҷомеаи солим ва падидаҳои номатлуб мешаванд. Чунин амали ношоистаро метавон дар ахбори хабарнигори радиои Озодӣ, ки санаи 05.04.2020 доир ба ҳолати кунонии беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов мушоҳида намуд.

Аслан, ҳар як хабарнигор пеш аз омода намудани гузориш ё навиштани хабаре мебояд ба мақомоти расмӣ муроҷиат намояд ва дар ҳолати ҷавоби рад гирифтан метавонад ба манбаҳои дигар такя намояд. Инро этикаи журналистӣ талаб менамояд ва ин меъёри муқаррарии пешниҳоди хабарҳо мебошад. Вале, хабарнигори мардумии радиои Озодӣ шоми 5 –уми апрели соли равон аз беморхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан намуда бидуни муроҷиат ба мақомотҳои расмии давлатӣ ҳолати мавҷударо бо диди худ шаҳр додааст ва онро радиои Озодӣ пахш кардааст. Имрӯзҳо, ки дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон бо сабаби паҳншавии бемории КОВИД – 19 карантини пурра эълон гаштаасту танҳо мамлакатҳои алоҳида аз ин беморӣ орӣ ҳастанд, ҷорӣ гаштани маҳдудиятҳо барои гашту гузор, фаъолияти меҳнатӣ ва ғайра омили муқаррарист. Ва хабарнигорро зарур буд, ки воқеаи бемористони ноҳияи Ҷаббор Расуловро аниқу дақиқ намуда баъдан хулоса барорад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вазъи эпидемиологии кишвар аз оғози моҳи январ то инҷониб доимо маълумоти расмиро интишор намуда то ҳол нисбати паҳншавӣ ва сироятёбии мардуми Тоҷикистон бо Короновирус ягон маълумоти расмӣ надодаанд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассос дастрасии аҳоли ба маълумоти расмӣ манбаи ягонаи хабар шуда метавонад. Алҳол тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмоишгоҳҳои кишвар 25 ҳазор тестҳо ҷиҳати муайян намудани коронавирус мавҷуд мебошанду то имрӯз ба наздики 3 ҳазор нафар шаҳрвандон аз ташхиси тестии коронавирус гузаронида шуда, ҷавоби ҳамаи онҳо манфӣ баромадаанд. Исбот шудааст, ки аз ин шумора 22 ташхис ба шаҳри Лондон ва 9 ташхиси дигар ба шаҳри Москва равон карда шуда буданд, ки натиҷаи онҳо низ манфӣ баромадааст. Ва дар ин замина паҳн намудани ҳар гуна хабару овозаҳои бардурӯғ метавонад боиси ба таҳлуқа андохтани мардум гардад.

Дар ин радиф бо арзи эҳтиром аз ҳамаи хабарнигорон ва мардуми оддӣ даъват менамоям, ки ба ҳаргуна хабару овозаҳои бардурӯғ вобаста ба гирифтор шудани шаҳрвандон ба сирояти коронавирус бовар нанамоянд ва танҳо маълумоти расмии сардори Ситоди зидди коронавирус, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзодаро барои худ ҳамчун ҳақиқати воқеӣ қабул намоянд.

Мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология, дотсент Собиров М.С.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ