​ДДХ: Раиси вилояти Суғд ба 19 донишҷӯ Гувоҳнома супорид.

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани Гувоҳнома ба иштирокчиёни “Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” баргузор гашт.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар баробари донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, ба 19 донишҷӯи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати иштироки фаъолона дар “Ҳафтаи иштироки донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят дар идоракунии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд” Гувоҳнома супорид.

Зимни маросими супоридани Гувоҳнома Раиси вилоят ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, иброз дошт, ки ҷавонон ҳамчун сарвати миллӣ, нерӯи ояндасози кишвар, рамзи ҳастиву бақои миллати тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол буда, мавқеъ ва рисолати онҳо дар ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ бағоят муҳим аст. Ояндаи кишвар аз ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар вобастагии калон дошта, ҳушёрӣ, зиракӣ ва дониши сиёсии насли ояндасоз имкон медиҳад, ки алайҳи ҳамагуна зуҳурот истодагарӣ намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки донишҷӯён тӯли як ҳафта бо асосҳои хизмати давлатӣ ва самтҳои фаъолияти воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шиносоӣ пайдо намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ