​7 рӯзи равоншиносон дар донишгоҳ

Дар факултети Психология ва таҳсилоти томактабии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳафтаи "Психологҳо" роҳандозӣ карда шуд.

Дар чорабинии ифтитоҳӣ намоиши дастовардҳо, китобҳои тозанашр ва дастурҳои методии устодону кормандони факултети фавқуззикр мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифта, устодони роҷеъ ба дастовардҳои илми равоншиносӣ дар даврони Истиқлолият маърӯза намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки "Ҳафтаи психологҳо" то 11-уми октябр бо баргузории силсилаи чорабиниҳо, амсоли вохӯрӣ бо толибилмони муассисаҳои миёнаи таълимӣ, ташкили мизи мудаввар, Мастер-класс, Интелект-Шоу ва роҳандозии озмуни “Мутолиаи асарҳои психологӣ” идома меёбад.

Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифат, малака ва таҷриба, донишҳои психологии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди соҳаи равоншиносӣ ба роҳ монда шудааст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ