​Ахлоқи ҷомеа ва амнияти кишвар

Имрӯз масъалаи тарбияи ахлоқии ҷомеа мадди назари ҳукумату давлат ва афроди дилсӯзи ҷомеа қарор дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳову мулоқотҳои хеш бо андешаҳои ҷолиб ва пешниҳоду тавсияҳои нотакрори хеш мороба сӯи маънавиёт ва тарбияи ахлоқи ҷомеъа раҳнамун месозанд. Махсусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” аз тадбирҳои муҳимест,ки он дар беҳдошти ахлоқи ҷомеа хоса ҷавонону наврасон судманд аст. Амалӣ шудани ин қонун на танҳо дар мавриди пешгирии ҷиноят дар байни ҷавонону наврасон балки дар амнияти миллату кишварниз таъсири нек мегузорад. Пешвои миллат аз ҷумла зик кардаанд: “Дар раванди таълиму тарбияи насли наврас мобояд ба проблемаҳои асосии мактабу маорифи имрӯза, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, ҳарчи беҳтар ҷалб намудани таваҷҷуҳи волидайн ба донишандӯзии фарзандон ва риояи талаботи Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” диққати махсус диҳем. Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам як масъаларо ҷиддӣ таъкид намоям. Мактаби имрӯза вазифадораст, ки бо дар назардошти таъминоти пурраи воситаҳои таълиму тарбия натанҳо ба донишомӯзӣ, балки ба ахлоқу рафтори насли ҷавон аҳаммияти асосӣ диҳад.”

Боиси зикр ва тавҷҷуҳ мебошад, ки , ки дар вазъияти ҷаҳонишавӣ ё худ ҳифзи дифои анъана ва суннатҳои деринаи муносибати инсонӣ, ки дар таърихи миллати мо ба қаъри асрҳо реша рондааст кори осон нест. Дарин радиф дастовардҳои ахлоқии ҷомеаро низ ҳимоя кардан,аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Агар мо имрӯз ба ахлоқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ назар кунемба назармерасад, ки то рафт ахлоқ коста мешавад, ҷаҳонишавӣ дар самти одобу ахлоқ таъсири худроме гузорад. Ва бе ягон шубҳа яке аз сарчашмаҳои ноороми ҷомеа ин паст шудани ахлоқ тағйир хӯрдани меъёрҳои ахлоқии ҷомеа мебошад. Имрӯз ҷаҳонишавӣ гоҳо моро аз асламон дур андохтааст ва мо камтар аз ахлоқи суннатии худ фикр менамоем фаромӯшмекунем, кимомардумишарқдину мазҳаб дорем, арзишҳои миллӣ ва динии мо давоми ҳазорсолаҳо ба ҷаҳониён одобу ахлоқи ҳасана, рафтори нек ва тарбияи инсониро дар пояи баланд таҳти шиори «инсон азизу мукаррам» таълим дода меояд. Аз ин рӯ дар мавриди таълиму тарбия мо дар кӯлвори худ таҷрибаи ғанӣ ва мероси гаронбаҳо дорем, ки он метавонад имконияти васеъро дар ислоҳи ҷомеа махсусан ахлоқи ҷавонон фароҳам оварад.

Агар ба таърихи миллатҳои олам назар намоем камтар миллате монанди миллати мо таърих ва адабиёти қавӣ дорад. Махсусан адабиёти клаасикии мо маропо ҳикмат буда, инсонҳоро ба ахлоқи некӯ талқин менамояд ва зиндагии осуда ва ҳаёти бехушунатро тарғиб месозад

Аз қадимулайём мардуми мо ҳам чун роҳи беҳтарини тарбияро аз китобҳои Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Носири Хисрав Низомиву Мавлоно, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Бедил мегирифтанд ва ба аҳли оила фарзандон ҳамчун ақидаи муқаддасилқо менамуданд ва ҳамзамон вожаҳои кори савоб, ин гуноҳ, ин ҳалол, ин ҳаром, одамуодамгарӣ, ақидаи солим, роҳидурустиҳаёт, некубад ва зарару зиён, аҷру савоб мавриди истифодаи волидайн буд.

Аслан ҳикмати зиндагӣ кӯҳнанопазир аст. Панду андарзҳои “Пандномаи Анӯшервон”- Бадеъи Балхӣ низ дархури дарди ҷомеаи муосир мебошад. Чуночи имрӯз бинобар ба инобат нагирифтани дахлу харҷ ва буҷети оилавӣ инсонҳо ба муфлисӣ дучор мешаванд ва наметавонанд аз гирдоби дасткӯтоҳӣ раҳоӣ ёбанд. Дар ин маврид шоир мегӯяд:

Чу дахлат бувад кам, макун харҷи беш,

Ба андозаи дахл кун харҷи хеш.

Макун харҷ даҳ-даҳ, чу дахлат тиҳист,

Ки аз нест андар ҷаҳон нанг нест

Дигар аз ҳикмати ҷовидоние, ки дар китоб дарҷ аст ва риояи он барои инсони дурбин ва дурандеш ниҳоят муҳим аст ниҳол нонишонда накандани дарахт аст.

Шоир мегӯяд:

Аз аввал дарахти ҷавона бикор,

Пас он гаҳ куҳанро ҳаме бар зи кор

Яке нонишонда яке барканӣ

Бувад бегумон хештан душманӣ

Бад- ин ҳасбу ин ҳолу ин доварӣ

Яке байт гӯяд аҷаб Унсурӣ

“Чу аз кӯҳ гириву нанҳӣ ба ҷой

Саранҷом кӯҳ андар ояд зи пой

Дар “Пандномаи Анӯшервон”- Бадеъи Балхӣ масъалаи эҳтироми падару модар масъалаи муҳим ва муқаддас аст. Ризоияти волидайнро дарёфтан барои фарзанд зарур буда, танҳо расидан ба ин ҳадаф ӯро хушбахт месозад. Дар замони муосир ин масъала дар меҳвари тарбият қарор дорад, зеро дар ҷомеа пай бурдан душвор нест,ки фарзандоне ҳастанд, ки на танҳо ризоияти падару модарро намеҷӯянд балки нисбат ин афроди мӯътабар беэҳтиромӣ зоҳир мекунанд. Дар ин маврид Бадеъи Балхӣ мегӯяд:

Бигардон зи беҳашматӣ рою рӯй,

Ризои падар в-они модар биҷӯй

Бувад бар ту бар ҳаққи эшон басе

Набошад чу эшон туро ҳар касе

Агарчи худои ҷаҳон-т офарид

Туро аз адам дар вуҷуд оварид

Яке модарат доду фаррух падар

Ки парвардат андар бару дар ҷигар

Омӯхтани дониш дар меҳвари осори ахлоқии суханварони тоҷику форс қарор дорад. Бадеъи Балхӣ низ дар ин мавзӯъ андеша ронда мегӯяд, ки инсон аз омӯхтани дониш набояд шарм дорад, балки омӯхтани илму дониш мояи ифтихор бошад. Шоир донишро ҷавшан аз бало медонад, ки ба ақидаи ӯ аз сӯхтан эмин нигаҳ медорад. Ниҳоят бо овардани иқтибос аз “Офариннома”-и Абӯшакури Балхӣ фикрашро ҷамъбаст месозад:

Биёмӯз дониш к-аз омӯхтан

Раҳонӣ тани хеш аз сӯхтан

Аз омӯхтан нанг ҳаргиз мадор

Чи омӯхтан фахр бошад на ор

Нигаҳ кун ки дар “Номаи офарин”

Чи гӯяд сарояндаи покдин

“Биёмӯз ҳарчанд битвониё

Магар хештан шоҳ гардониё

“Пандномаи Анӯшервон”- Бадеи Балхӣ фарогири кулли масъалаҳои тарбиявиву ахлоқии замони муосир буда, дарку маърифати он барои инсони имрӯз раҳнамои зиндагии ростин аст. Истифодат аз “Пандномаи Анӯшервон”- Бадеъи Балхӣ ва амал кардан бо он дар ҳаллу фасли муаммоҳоиахлоқии ҷомеа мусоидат менамояд. Аз ин рӯ омӯзиши ин гуна пандномаҳо дар макотиби миёнаву олӣ як рукни таълим ва тарбия бояд қарор бигирад. Баъди хондани китоби Бадеии Балхи метавон ба хулосае омад,ки танҳо ҷомеае,ки хушахлоқ аст ва дар сараш андешаи некӣ кардан ва обод карданро дорад метавонад дар амну осоиштагӣ зиндагӣ намояд. Имрӯз вақте,ки дар бораи амнияти миллӣ ва тинҷиву осудагӣ сухан мекунем аввалан ба тарбияи ахлоқии ҷомеа бештар тавҷҷӯҳ намоем.Аз инсони хушахлоқ ва таваккураш тоза ҳаргиз хоини Ватан намебарояд. Зеро инсони оқил бузургтарин дороиро дар зиндгии осудаву обол мебинад ва хушунатро дӯст намедорад ва ба қавли Бадеи Балхӣ:

Накӯ гӯяд он пири дидаҷаҳон

Ки чизе беҳ аз зиндагонӣ мадон

Адабиёт:

1.Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара, 12.05.2017 . http://www.prezident.tj/node/15352. 20декабри соли 2017

2.Ризоқулихон Ҳидоят.Маҷмаъул-фусаҳо, ба кӯшиши Мазоҳири Мусаффо, Теҳрон 1345

3.Бадеи Балхӣ. Пандномаи Анӯшервон / таҳияи Саидумрон Саидов. –Хуҷанд: Ношир, 2008.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ