​Китоби профессор Матлубаи Мирзоюнус дар озмуни “Санъати китоб” сазовори мақоми аввал гардид.

Дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон Озмуни XVI байналмилалии Санъати китоб-и кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гашт, ки аз 7 кишвар 81 китоб, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 китоб пешниҳод гардиданд.

Дар озмуни “Санъати китоб” асари ба забони русӣ таълифнамудаи устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Матлубаи Мирзоюнус таҳти унвони “Творческое взамимодействие писателей Центральной Азии” аз рӯйи номинатсияи “Муколамаи фарҳангҳо” мақоми аввалро сазовор гардид. Ҳамчунин, китобҳои ноширони тоҷик дар номинатсияҳои “Кишвари ман” ҷойи аввал, “Илм ва инноватсия”, “Адабиёти таълимӣ ва омӯзишӣ”, “Ғалаба” ҷойи дуюм ва “Иттиҳод” ҷойи сеюмро ноил гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки Озмуни XVI байналмилалии “Санъати китоб” яке аз минбарҳои муҳим барои муаррифӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти ноширони кишварҳои узви ИДМ ба шумор рафта, аз ҷониби Шӯрои байнидавлатии ИДМ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдои китоб, китобпаҳнкунӣ ва умури ноширӣ доир карда мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ