​Изҳорот: Хоинони миллат ҳеҷ гоҳ ба мақсад намерасанд!


Худованд чун инсонро офарид, ӯро бо фикри солим ва ақлу фаросат ороста кард ва талаб бинмуд, ки байни ҳаққу ботил, неку бад ва хираду ҷаҳолатро ҷудо намояд, ба роҳи дуруст равад ва аз гумроҳӣ худдорӣ кунад. Вале афсӯс, ки дар ҳаёт шахсиятҳо ё гуруҳҳое пайдо мешаванд, ки дидаву дониста роҳи хаторо пеш мегиранду гумроҳ мешаванд. Барои пулу сарват ё барои ба қудрат расидан ватан, миллат ва мазҳаби худро мефурӯшанд, ба мардуми худ, ҳатто ба падару модари худ хиёнат раво мебинанд.

Воқеан терроризм зуҳуроти ниҳоят хавфноки замони муосир буда, бо шаклу тобишҳои гуногун амалӣ мегардад ва пешгӯи кардани он душвор аст . Амалҳои террористӣ боиси ҳалокати одамони зиёд гардида, таъсири шадиди равонӣ эҷод мекунанд ва арзишҳои моддию маънавиро нобуд менамоянд. Амалҳои террористӣ дар байни кишварҳо тухми адовату душманӣ кишта , низоъҳои мусаллаҳонаро ба бар меоранд ва дар миёни гурӯҳҳои иҷтимоию миллӣ нобоварию бадбиниро ба вуҷуд меоранд.

Имрӯзҳо пайравон ва аъзоёни ташкилоти террористӣ- экстремистӣ, ки дар давлатҳои хориҷи кишвар қарор доранд бо ҳар роҳ ва тарз мехоҳанд вазъияти ороми мамлакатро халалдор намуда бо роҳи барангехтани кинаву адоват байни мардум низоъҳоро ба миён оранд. Ҳамчунин, Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ба махзани муштараки иттилоот дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккил дохил кард. Мо аҳли коллективиомӯзгорони кафедраи электроникаи ДДХ сарҷамъомада бар зидди кирдорҳои душманонаи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравони ӯ ва инчунин бар зидди ғояҳои ифротгаронаи ҲНИ муборизаи беамон бурда мубориза дар ҳимояи сохтори Конститусионии кишвари азизамон камари ҳиммат мебандем ва ҷавобан ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, сиёсати сулҳовару инсондӯстона, маорифпарваронаву хирадмандона, созандаву бунёдкорӣ Асосгузорӣ сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пештара дида бештар аылу тифоы, мутаҳҳид гардида, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи хешро мегузорем.

Устодони кафедраи Электроника

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ