​Садриддин Айнӣ - чеҳраи мондагори адабиёт, илм ва фарҳанг

Маҳфили навбатии “Пайравони Пешвои миллат”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба 142-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ бахшида шуд.

Чорабинӣ дар доираи омӯзиш ва тарғиби асари пурарзиши Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор” доир гардида, дар он Субҳони Аъзамзод - дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик, номзади илмҳои филологӣиштирок ва суханронӣ кард.

Номбурда аз муҳимтарин хидматҳои устод Садриддин Айнӣ дар худшиносии миллии тоҷикон ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бузургдошти устод Садриддин Айнӣ ба ҷавонон маълумот дод.

Таъкид гардид, ки аз мавқеи иҷтимоии устод Айнӣ бармеояд, ки ӯ ҳамеша дар риояи амонати таърих ва шинохти воқеии замон зиёда мӯйшикоф аст. Ӯ «ҳаққи шахсиро ба ҳаққи умумӣ қурбон мекунад», ҳуқуқи шахсиро аз хотир мебарад, бо масъулияти ҷиддӣ дар назди фанни таърих қалам ба даст мегирад. Ӯ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба насли оянда иттилои саҳеҳ ва боэътимод диҳад ва ба қавли худаш «сабаби ибрат гирифтану манфиат бурдани фарзандони ватани азизи худ» шавад.

Тавре худи устод Айнӣ қайд мекунанд: “Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан – модари ӯст, Ватан хешу табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст. Ба ин сабаб ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро чун модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, онро ҳимоят ва мудофиа мекунад”.

Симои устод Айнӣ дар паси ҳар сатр ба сифати муаррихи огоҳ ва рамзошно аз равандҳо ва ҷараёнҳои шадиди иҷтимоии ибтидои асри ХХ, муҳаққиқ ва мунаққиди заррабини иҷтимоиёт, адиби мӯйшикоф эҳсос мешавад, ки бо дониши фарогир ва ҳамаҷиҳатаи сиёсӣ, таърихӣ, адабӣ, иҷтимоӣ масоили мубрами вақтро ба аҳли замона гӯшзад мекунад, уқдаи сарбастаи замонро бо дарки ҳамаҷонибаи амонати таърих боз мекунад, ба дасти наслҳо калиди чораҷӯӣ ва тадбири дардҳои ба назар бедавои он замонро медиҳад.

Осори ҷовидонии устод Айнӣ маълумоти фаровон ва арзишманде дорад, ки метавон дар ҳар марҳалаи мухталифи бозсозии миллат ва бақои давлати азизу арҷманд аз онҳо зиёд ба кор гирифт.

Дар қисмати дуюми маҳфил байни иштирокдорон табодули афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ