​Таъсиси 10 маркази илмӣ, таълимӣ ва тадқиқотӣ дар заминаи татбиқи 20 лоиҳа

Бо ташаббуси Дафтари миллии Эрасмус дар Тоҷикистон ва дастгирии намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии кластерӣ зери унвони “Устуворӣ ва таъсирбахшии лоиҳаҳои барномаҳои ТЕМПУС ва ЭРАСМУС ба рушди иқтидори таҳсилоти олӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣҷонишини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, мушовир, мудири шуъба оид ба масъалаҳоисиёсӣ, ахбори омма ва иттилооти намояндагии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Пэтра Гашпарова, ҳамоҳангсози дафтари кории Эрасмус дар Тоҷикистон Заррина Нуриддинова ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз вохӯрӣ мазкур, натиҷагирӣ намудан аз лоиҳаҳои амалишудаи барномаҳои зикргардида дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар тули 20 соли фаъолияти ин ниҳод ба шумор мерафт. Гуфта шуд, ки Донигоҳи давлати Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар ин давра зиёда аз 20 лоиҳа ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 18 лоиҳаро татбиқ намудааст. Аз ин хотир, дар вохӯрӣ намояндагони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи технологииТоҷикистон, ки нисбат ба дигар донишгоҳҳо дар дарёфти грантҳобештар муваффақ буданд, лоиҳаҳои амалинамудаашонро ба иштирокчиён муаррифӣ намуда, таҷрибаи хешро ба дигарон мубодила намуданд. Дар ин вохӯрӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷандро муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилаӣ Рухсора Давлатзода, мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Мадинахон Сидиқова ва сармутахасиси ҳамин шуъба Ҷамшед Истамқулов муаррифӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 6 лоиҳаи ЭРАСМУС МУНДУС, 10 лоиҳаи ТЕМПУС, 4 лоиҳаи ЭРАСМУС ва лоиҳаҳои мубодилавии ЭРАСМУС мавриди татбиқ қарор гирифтанд. Гузашта аз ин,дар натиҷаи ҳамин лоиҳаҳо беш аз 250 нафар устодону дониҷуёни донишгоҳ дар муассисаҳои таълимии бонуфузи Иттиҳоди Аврупо ва Британияи Кабир дар курсҳои кӯтоҳмудат, семинар, конфронсу симпозиумҳо ширкат варзанд ва аз таҷрибаи бойи ин донишгоҳҳо бархурдор шуданд.

Ҳамчунин қайд гардид, ки дар донишгоҳ ба туфайли лоиҳаҳо зиёда аз 10 маркази илмӣ, таълимӣ ва тадқиқотӣ таъсис ёфт ва онҳо мавриди истифодаи васеъ қарордорад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ