​Конфронс: Истиқлолияти давлатӣ ва рушди кишвар дар марҳалаи навин

Дар муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида ба 28–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолияти давлатӣ ва рушди кишвар дар марҳалаи навин” конференсияи илмӣ-амалӣ доир гашт.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров конфронсро ифтитоҳ бахшида, доир ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва дар ин замина, муваффақиятҳои устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод. Номбурда арз дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон марҳалаи муҳиму созандаеро дар роҳи рушди иқтисоди давлатӣ, инкишофи расму одатҳои аҷдодӣ ва эҳёи таомулоти миллии мардумамон боз намуда, дар ин замина барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду мутамаддин шароити мусоид фароҳам овард.

Дар идома, декани факултети таърих ва ҳуқуқ, Иброҳим Ҷабборов доир ба масъалаи “Истиқлолият ва бунёди давлатдории миллӣ”, устоди кафедраи умумидонишгоҳии таърихи халқи тоҷик, Саидқул Маҳкамов оиди “Марориф ва рушди соҳаҳои он дар замони Истиқлолият” ва ҷонишини директори Институти илмҳои ҷомеашиносӣ, Нуралӣ Нуров дар мавзӯи “Истиқлолияти миллӣ ва арзишҳои маънавӣ” маърӯза намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ