​Ташаббуси ибратомӯз

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як халқу миллат мекӯшад ва талош менамояд, ки насли навраси худро ба ҳаёт ва меҳнати сазовор омода намуда, барои ташаккули одоби ҳамида, маърифати дунявӣ, эҳтироми калонсолон ва дастгирии ҳаматарафаи ниёзмандон заминаи мусоид фароҳам оварда бошад. Ҳар як халқ мундариҷаи тарбияи ба худ хос дорад, ки он дар забони модарӣ, урфу одат, расму оинҳои халқӣ ва дигар рукнҳои ҷамъиятию давлатӣ таҷассум меёбад.

Халқи мо низ урфу одатҳои ба худ хос дорад, ки яке аз онҳо мадад расонидан ва аёдат намудани беморон, пиронсолон, маъюбон ва ниёзмандон ба ҳисоб меравад.

Таҳти роҳбарии саркуратори кафедраи фонетика ва лексикологияи забони англисӣ Назира Ҷӯраева донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ ба аёдати сокини 95–солаи шаҳри Хуҷанд Абдусамад Воситов рафтанд. Зимни аёдат Абдусамад Воситов аз рӯзгор ва ҳаёти худ қиссаҳои ибратбахш нақл дошта, аз донишҷӯён даъват кард, ки баҳри ободиву созандагӣ талош варзида, бо илму амал садоқатмандона ба Ватан хидмат намоянд.

Ҳамчунин, донишҷӯёни факултет ба дидорбинии кӯдакони хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд рафта, мулоқот ва чорабинии фарҳангиву фароғатӣ манзур карданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ