​Таъсиси ситод оид ба ҳифзи вазъи солимии омӯзгорону донишҷӯён

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар байни устодону донишҷӯёни донишгоҳ тадбирҳои муҳими маърифатиро ба роҳ мондааст.

Дар ин замина, ду фармоишҳои ректори донишгоҳ - “Оид ба таъсиси ситоди махсус” ва “Оид ба ҳифзи вазъи солимии омӯзгорону донишҷӯён” ба тавсиб расида, тибқи он бо раёсати дизенфексияи профилактикӣ дар вилояти Суғд ва шуъбаи санитарию эпидемологӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба безараргардонии биноҳои таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шартномаҳо баста шудаанд, ки корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Ҳамчунин ҷадвали вобастакунии масъулони сохторҳои донишгоҳ ҷиҳати назорати ҳамарӯзаи ҳолати санитарӣ ва эпидемологӣ дар биноҳои таълимии 19 факултет, 4 хобгоҳи донишҷӯӣ (№1, 2, 3 ва 9), китобхонаи марказӣ ва дигар иншоотҳо ташкил гашт. Тибқи ҷадвал ва реҷа ҳолати тозагӣ ва санитарию эпидемологӣ зери назорати доимӣ қарор гирифта, дар нуктаҳои тиббии биноҳои таълимии №1, №2 ва хобгоҳи №1 доруҳо барои ёрии аввалини тиббӣ таъмин ва китоби қайди беморон ташкилгардидааст. Аз ҷониби ҳамшираи шафқат мунтазам санҷидани ҳарорати бадани донишҷӯён ва омӯзгорон ба роҳ монда шудааст.

Байни устодон ва донишҷӯён доир ба риояи ҳолати санитарию эпидемологӣ корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, аз онҳо даъват гашт, ки ба гигиенаи шахсӣ ва умумӣ риоя намуда, мунтазам дастонро бо маҳлулҳои спиртдори антисептикӣ безарар ва собун шустушӯ намоянд. Тавсия гардид, ки ҳангоми сулфа ва атса задан даҳон ва бинии худро бо рӯймолча ё оринҷи даст пӯшонидан, дар ҳолати доштани таби баланд, сулфа ва душворшавии нафаскашӣ ба табибон муроҷиат намоянд, то худ ва ҳаёти дигаронро зери хатар нагузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ