​ДДХ: Баррасии муносиботи таърихӣ, равобити адабӣ, фарҳангӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон

Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони Ҳамкории иқтисодӣҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон: таърих ва замони муосир” дар 4 бахш - муносибатҳои таърихии халқҳои тоҷику ӯзбек, равобити адабии тоҷику ӯзбек, равобити фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон ва ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ҷараён гирифт.

Дар бахшҳои конфронс наздики 250 маърӯза аз ҷониби устодони донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, аз қабили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Донишгоҳи технологӣ-иттилоотии Тошкент, Институти таърихиАкадемияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошкент, Институтизабон ва адабиёти ӯзбек ва фолклори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Фарғона, Донишгоҳи давлатии Гулистон ироа ва баррасӣ гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ