​ДДХ: 2 донишҷӯ бо стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам” қадр гаштанд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими супоридани стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гашт.

Дар чорабинӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, президенти ширкати «Хуаксин-семент» ҷаноби Ли Етсин, намояндагони Вазорати маориф ва илм, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва намояндагони ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» ширкат варзиданд.

Ҷонибҳо аз густариши равобити Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистону Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар асоси Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар созишномаҳо ба роҳ монда шудааст, изҳори хушнудӣ намуданд. Зикр гардид, ки бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди «Ман Тоҷикистонро дӯст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» 1 миллион сомонӣ маблағ ба муддати 5 сол ҷудо гардида, ҳар сол 200 ҳазор сомонӣ ба 100 донишҷӯ, яъне ба ҳар як донишҷӯ 2 000 сомонӣ ҳамчун стипендия cупорида мешавад.

Сипас, ба 100 донишҷӯ аз 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ба Эъзоза Салимзода, донишҷӯи соли дуюми факултети забонҳои хориҷӣ ва Манзура Қаюмова, донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи руси Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” стипендияи мазкур тақдим гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ