​Мизи мудаввар: Нақши ҷомеа дар пойдории оила

Дар Муассисаи таълимии давлатии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” дар робита бо Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши ҷомеа дар пойдории оила» баргузор гардид.

Мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки оила асоси ҷомеа, муҳимтарин ячейкаи ҷамъияту давлат мебошад. Маҷмӯи оилаҳо ҷамъиятро ба вуҷуд оварда, устуворӣ ва ноустувории давлат ба он вобастагӣ дорад. Аз назари дигар ҷомеаро бе оила низ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Чи қадаре ки оила мустаҳкам бошад ва волидон фарзандони худро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ, хештаншиносӣ ва донишманд тарбия намоянд, ҷамъият низ худро устувор нигоҳ медорад ва дар оянда самараи дилхоҳ медиҳад.

Ободӣ ва солимию маърифатнокии ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёти мамлакат ва бунёди зиндагии солим аз маърифати ҳар аъзои оила вобастагии қавӣ дорад. Агар оила ба фарзандон тарбияи дуруст дода, ҷомеаро қаноатманд намояд, албатта давлат ва ҷамъият ҳам ба мақсаду ҳадафҳои худ ноил мегардад.

Сипас, дар ҷараёни кори мизи мудаввар судяи суди шаҳри Хуҷанд А. Мирасилзода дар мавзӯи «Бекоршавии ақди никоҳ ва роҳҳои пешгирии он», Беҳруз Қурбонзода, намояндаи прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Нақши оила дар тарбияи фарзанд», устоди донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фаридун Ҳодибоев дар мавзӯи «Рукнҳои пойдории оила» Ибодулло Калонзода, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Нури Ислом»-и шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пойдории оила аз нуқтаи назари Ислом», сардори хонаи ақди ниқоҳи шаҳри Хуҷанд Хуршеда Хоҷазода, намояндаи соҳаи тандурустӣ Наргис Ҳасанова дар мавзӯи «Аз модари солим тифли солим» ва дигарон баромад намуда, дар мавриди пойдории оила ва оиладорӣ табодули афкор карданд.

Таъкид гардид, ки инсон, оила ва ҷамъият–ин се мафҳум муҳимтарин рукнҳои фалсафаи ҳаётанд. Ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ – ин ҳама натиҷаи тарбия дар оила аст, чунки маҳз дар оила фарзанд аввалин маротиба мафҳумҳои Ватан, озодӣ, падар, модар, дин, дӯст доштан, асолати мард ва занро дарк менамояд.

Тарбияи оилавӣ зуҳуроти ҳама гуна тарбият аст, зеро маҳз дар муҳити оила бо кӯшишҳои волидайн, пайвандон ва хешовандон насли наврас аз ҷиҳати ахлоқӣ, ҷисмонӣ, зебоишиносӣ, меҳнатдӯстӣ, рафоқат, дӯстӣ, озодипарастӣ, шинохти неку бад тарбият меёбад. Давлат ва ҷамъият аз оилаҳои устувори маърифатнок, соҳибкасб, ихтисосманд, ҷаҳондида ва ҳамаҷиҳата баркамол ташаккул ёфта бошад, манфиати бештар мегирад. Агар дар ҷомеа аксуламали ин тадбирҳо, яъне вайроншавии оилаҳо, зӯроварӣ нисбат ба зан, тарбияи нодурусти фарзандон, махсусан, писарон мушкилиҳои дигар дучор ояд, пас ба ҷомеа хатар таҳдид меоварад.

Интихоби дуруст дар бунёди оила омили муҳими мустаҳкамии ҷамъият ва ободии давлат мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ