Изҳорот: ​Дунё ба умед аст!

Имрўз дар тамоми дунё мардум гирифтори ин беморӣ, яъне ба КОВИД-19 гирифтор шудаанд. Мутаассифона, дар чунин шароити мураккаби ҷаҳонӣ қадами маргбори вируси тоҷдор ба Тоҷикистон низ расидааст. Дар ҳоле, ки хатари каронавирус таҳдид дорад, тамоми мардум дар атрофи сиёсати дурусти Ҳукумат муттаҳиданд ва бо он мубориза мебаранд. Кишварҳои дигари ҷаҳон мисли Русия, Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Чин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Ўзбекистон, Эрон ва ташкилотҳои байналхалқӣ низ имрўз дар паҳлўи Тоҷикистон истода, барои муқовимат алайҳи паҳншавии ин вабои нав мадад мерасонанд ва мо шоҳидем, ки кўмакҳои башардўстонаи худро онҳо аллакай расонидаанд.

Аммо маҳз дар ҳамин лаҳза як зумра мухолифони ифротӣ, дар фикри манфианд ва бар зидди Ватани худ амал менамоянд. Боварии комил дорем, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд. Ба ҷои дастаҷамъонашуда ба халқи худ ёрӣ расондан, зиёнкорӣ менамоянд. То имрўз барои пешрафти халқу миллат ягон корҳои нек анҷом надодаанд, танҳо ғайбат.

Бо ин мисраҳо ба чунин душманони баднигоҳ гуфтаниям:
Зи пуштам мекунӣ ғайбат, туро гўям саломат бош,
Насозам вақти худ сарфат, бирав аҳли адолат бош.
Хатокорам ту бишморӣ, вале аз худ хабар дорӣ?
Хатои мо чӣ меҷўӣ, даме аҳли хиҷолат бош.
Маро танҳо Худо донад, гунаҳкорам ва ё сўфӣ,
Чӣ суд бинӣ аз ин корат, бирав аҳли саховат бош.
Ҷаҳону одамон пешат, агар тобанд, чу шоми тор,
Туро гўям дилат тор аст, бирав худро табобат бош.
Дар ин дурўза зистанҳо, магар бурдӣ зи ёд маргат?
Худо диҳад туро тавфиқ, бирав аҳли ибодат бош.

Мо ҷавонони сарбаланди Суғдзамин бо боварии том миннатдории самимонаи хешро ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгриву ғамхориҳои пайвастаашон сидқан баён менамоем ва умед дорем, ки барои тинҷу осоиштагӣ ва сиҳату саломатии мардуми Тоҷикистон тамоми чораҳои амалиро меандешанд ва халқро химоя менамоянд ва аз даст ояд ба дигар кишварҳоям ёрӣ мерамонанд.

Ахмедҷонова М. омӯзгори факултети

таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ