​Маҳфил: Оила - неъмати бебаҳои ҷамъият

Дар факултети забоҳои шарқ маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ” бахшида ба Рӯзи байналхалқииоила дар мавзӯи «Оила - неъмати бебаҳои ҷамъият» бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Дар маҳфил иштирокдорон доир ба рукнҳои асосии пойдории оила, фарҳанги оиладорӣ, роҳҳои ҳалли мушкилоти хонаводагӣ, захираи сармоя ва таълиму тарбияи фарзанд табодули афкор намуданд.

Баъдан, донишҷӯёни факултети забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” барномаи фарҳангӣ-фарғатӣ намоиш доданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ