ДДХ: ​Дифои рисолаи докторӣ

Имрӯз, 14-уми октябри соли 2019, соати 13:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-033 назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳимояи диссертатсияи Ҳамробоев Насимҷон Абдуллоҷонович баргузор гашт.

Ҳимояи диссертатсияи Насимҷон Ҳамробоев ба масоили мубрами рӯз зери унвони “Марҳалаҳои ташаккул ва таҳаввули ҳаракати тарҷума дар асрҳои VIII-XIV (аз паҳлавӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба форсӣ-тоҷикӣ)” бахшида шуда, барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз руйи ихтисоси 10.02.14 – Филологияи классикӣ, филологияи арабӣ ва юнонӣ сурат гирифт.

Маврид ба зикр аст, ки бо матни диссертатсия ва автореферати Насимҷон Ҳамробоев тавассути сомона ва китобхонаи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шинос шудан мумкин аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ