​Изҳорот: Тири каҷ ба нишон намерасад!

Чӣ хеле, ки маълум аст, нимаи дуюми моҳи сентябр конфронси солонаи навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо тахти унвони «Оид ба чораҳои татбиқшуда дар самти андозагирии инсонӣ» баргузор хоҳад гардид ва ба он аъзоёни ТТЭ ҲНИ низ даъват карда мешаванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳадафҳои асосии Созмони зикршуда оид ба пешгирӣ ва бавуҷудоии муноқишаҳо дар минтақа, ба танзим даровардани ҳолатҳои буҳронӣ, барҳам додани оқибатҳои муноқишаҳо равона карда шудааст.

Вазъи кунунии ҷаҳони муосир ба ҳамагон маълум аст, бархурдҳои сиёсӣ дар шарқи Украина, ҷангу чидолҳои доманадор дар Сурияву Афғонистон, Яман ва дигар давлатҳо. Саволе ба миён меояд, ки оё ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони олуфтаи ҷанг, равнақ бахшидани институтхои демократии давлатҳои дар боло зикрёфта нисбат ба баррасии гузоришхои бардуруғи фаъолони ТТЭ ҲНИ бартарият доранд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳӣ дорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳуқуқҳои шаҳрвандон, ки дар Конвенсияи ҳуқуқи башар зикр ёфтаанд, бечуну чаро риоя мегардад. Бояд қайд кард, ки дар ҷумҳуриамон зиёда аз 3900 масҷиди ҷомеи марказӣ, инчунин 2 кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои шиаи имомии исмоилӣ ва 1 ҷамоатхона ба ҳайси иттиҳодияҳои динии исломӣ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар кишвар намояндагони даҳҳо дину мазҳабҳои гуногуни ғайриисломӣ, ки наздик 68 ташкилоти динии онҳо расман сабти ном шуда, озодона фаъолият мебаранд.

ТТЭ ҲНИ ташкилоти бадномкунандаи дин, тарғибгари терроризм ва густаришгари шабакахои бадӣ, қатлу ғорат мебошад. Бе сабаб нест, ки аз 57 давлати аъзои САҲА 13 кишвар инчунин ба сохторхои дигари сиёси ва хифзи хукуки байналмилалӣ шомиланд, ҲНИ-ро террорист ва экстремисти эътироф кардаанд. Маълумот дар бораи аъзои ТТЭ ХНИ, дар баробари ДИИШ, «Ал-Коида», ҳаракати «Толибон» ва гайрахо ба Фехристи ягонаи созмонхои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатхои узви СҲШ манъ аст, шомил карда шудааст. Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ аз ҷумлаи се ҳазор нафар террористонест, ки ба фехристи ягонаи кофтукови СМЗТ СХШ шомил карда шудааст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар сурати воқеан ҳам аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкориӣ дар Аврупо даъват ва ба суханронии иҷоза додани фаъолони ТТЭ ҲНИ, ки дастони онхо олудаи хуни чандин ҳазор шаҳрвандони бегуноҳи гуногунмиллату маҳзаб мебошад, ба обрӯю эътибори ин Созмон дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар байни соҳибфикрон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодашон коста мегардад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ