​Озмуни донишгоҳии “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника”

Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология вапринсипҳои сиёсатиилмӣ-инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ҳавасмандкунонии донишҷӯёни болаёқат ва баланд бардоштани шавқу рағбати донишҷӯён ба илму техника ва навоварию ихтироъкорӣ, инчунин ҳар ҷиҳати ҷалб намудани онҳо ба корҳои илмию техникӣ, ва баланд бардоштани сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ Озмуни донишгоҳии “Донишҷӯ ва пешрафти илму техника”-ро эълон менамояд.

Кори озмун дар асоси шартҳои зерин гузаронида мешавад:

-муҳимияти мавзӯъ;

-татбиқи амалии стратегия, барнома ва консепсияҳои давлатӣ;

-ҷанбаҳои пурқуввати илмӣ-замонавӣ доштани мавзӯъ.

Талабот ба кори озмун чунин аст:

- варақаи унвонии кори озмунӣ.Варақаи унвонӣ аз ду саҳифа иборат аст: дар саҳифаи аввал сабти номи муассиса, номи мавзӯъ, иҷрокунанда бо нишондоди бахш, ихтисос, факултет ва роҳбари илмӣ пешбинӣ карда мешавад, ки намунаи он дар замимаи 1 оварда шудааст; дар саҳифаи дуюм танҳо номи мавзӯъ зикр мешавад;

-мавҷудияти нақшаи кор, сарсухан, иқтибос (то 30 %), хулоса, феҳристи адабиёт ва саҳифабандии кор;

-пешниҳоди корҳои илмӣ бо тақриз ва баҳои роҳбари илмӣ;

-ҳаҷми кор - кори озмунӣ бояд на камтар аз 16 саҳифаи андозаи А4 (ҳуруфи Times New Roman Tj -14, фосилаи 1,5 бо андозаи боло 2 см, поён 2 см, рост 1,5 см ва чап 3 см) таҳия карда шавад;

- ба инобат гирифтани қоидаҳои имлои забони давлатӣ (ба истиснои корҳое, ки ба забонҳои дигар пешниҳод мешаванд);

- асардуздӣ (плагиат) набудани корҳо.

Ғолибони Озмун дар дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда мешаванд.

Маводи ҳамаи ғолибон ба озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳод карда мешавад.

Муҳлати қабули мавод то 27 марти соли 2020.

Телефон барои маълумот: +992-93-780-05-24

Почтаи электронӣ: bohir-1988@mail.ru

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, утоқи 105

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ