Озмун: Ҷавонон-муҳаррики инноватсия

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (мактуби № 122/011) бо мақсади ҷалби шахсони болаёқат ба навоварию ихтироъкорӣ, аз худ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва татбиқи онҳо дар истеҳсолот Озмуни навбатии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро таҳти шиори «Ҷавонон-муҳаррики инноватсия» баргузор менамояд.

Дар даври якуми озмун, ки дар донишгоҳ сурат мегирад, донишҷӯён, магирстантон, аспирантону унвонҷӯён ва устодон иштирок карда метавонанд.

Шартҳои иштирок дар озмун ва ҳуҷҷатҳое, ки бояд пешниҳод шаванд:

- синну сол то 30 сола;

- нусхаи шиноснома;

- тарҷумаи ҳоли иштирокчӣ;

-маълумот дар бораи лоиҳаи пешниҳодшаванда, ки хусусияти навоварӣ ё ихтироъкорӣ дорад (якҷоя бо суратҳо, нақшаҳо ва дигар мавод дар шакли матн).

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 1 июни соли 2020.

Телефон барои маълумот: 93-780-05-24

Почтаи электоронӣ: bohir-1988@mail.ru

Шӯъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ