​ДДХ: Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани лабораторияи механикаи бо таҷҳизоти нави муосир муҷаҳҳаз

Маросими ифтитоҳии лабораторияи механикаи бо таҷҳизоти нави муосир муҷаҳҳази кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физика ва техникаи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо ҳузури муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гашт.

Дар қисмати ифтитоҳии чорабинӣ муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ сухан намуда, баён дошт, ки раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва густариши усулҳои нави таълим падидаи тоза ба шумор рафта, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров афзалиятҳои бештареро дар ин самт касб кардааст.

Дар идома доир ба таърихи донишгоҳ ва дастоварди он ҳарф рафта, зикр гашт, ки ифтитоҳи лабораторияи механикаи бо таҷҳизоти нави муосир ҷиҳозонидашудаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физика ва техникаи донишгоҳ яке аз тадбири муҳим буда, аз татбиқи сиёсати маънавибунёду маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.

Ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зимни суханронӣ арз дошт, ки баҳри рушди бемайлони соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ Ҳукумати мамлакат диққати асосиро равона сохтааст. Гуфта шуд, ки таҷдид ва бо техникаю технологияҳои нави муосир муҷаҳҳаз намудани лабораторияи механикаи кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти факултети физика ва техника аз дастуру супоришҳои Пешвои миллат маншаъ гирифта, ин иқдом тақозо менамояд, ки минбаъд устодону донишҷӯён баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар рушди фанҳои дақиқ саҳми арзанда гузошта бошанд.

Сипас, ҳозирин аз лабораторияи механикаи бо таҷҳизоти нави муосир муҷаҳҳази кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт дидан ба амал оварда, ҷиҳати истифодаи самараноки васоити техникӣ ба устодону донишҷӯён тавсияҳои судбахш ироа доштанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ