​Изҳороти кулли устодони кафедраи забони англисии факултети забонҳои шарқи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

Яке аз ҷабҳаҳои сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба посдории сулҳу оромӣ дар кишвар, пешбурди иқтисодиёти мамлакат, беҳбудии сатҳу сифати зиндагонии мардум ва некӯаҳволии халқ равона карда шудааст.

Маҳз кӯшишу хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки Тоҷикистон айни ҳол яке аз давлатҳои рӯ ба тараққиниҳодаи қитъаи Осиё ба ҳисоб рафта, тавонистааст, ки дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи худро ҳамчун яке аз кишварҳои сулҳосову озодандеш муайян намояд.

Барои расидан ба ин тавфиқ халқи тоҷик бо раҳнамоиву ҳидояти сарвариодили хеш Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зиракӣ, дурандешӣ ва хираду таҷрибаи хеш истифода намуда,ғаразҳои воқеии Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистонро саривақт ошкор намуд.

Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз соли 1991 то 29-уми сентябри соли 2015 дар арсаи сиёсии Тоҷикистон фаъолияти расмӣ дошт, мебоист дар таъмини ҳифзи истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, якпорчагӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, таъмини ваҳдати миллӣ саҳм гирад. Аммо он ғаразҳои ҳизбӣ, гурӯҳӣ, мазҳабӣ ва шахсиро аз манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ боло гузошта, барои пиёда сохтани онҳо аз мақомоти давлатӣ ва эътиқоди динии шаҳрвандон сӯиистифода бурданд.

Маълум гашт, ки таи ин солҳо ҲНИ ба бозичаи дасти давлатҳои қудратманд ҳамчун василаи амалисозии манфиатҳои геополитикӣ табдил ёфта, боиси барангехтани кинаву адоват ва тафриқа байни ҳамватанон шудааст. Оташи ҷанги бародаркуш, ки дар афрӯхтани он ҳизби манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон даст дошта буд, ҷони ҳазорҳо сокинони бегуноҳро ба коми худ фурӯ бурда, ба сари мардуми кишвар бадбахтӣ ва фоҷеаҳои гӯшношунидро овард.

ҲНИ ҳарчанд тамоми аҳдофи ғаразнок ва фаъолияти экстремистию террористии худро бо ниқоби дину мазҳаб рӯйпӯш мекард, вале рӯйдодҳои моҳи сентябри соли 2015 бори дигар моро ҳушдор дод, ки чашм ба сӯи ҳақиқат боз кунем ва парда аз рӯи ин гурӯҳи тафриқаангезу ифротгаро бардорем.

Вуҷуду бақои чунин ҳизби ифротгарову иртиҷоӣ ба сулҳу амният ва Ваҳдату Истиқлолияти кишвар хатари ҷиддие дорад. Мо мавҷудияти ҲНИ ва амалҳои ғайриқонунии онро маҳкум намуда, даъвоҳои пешвоёнашро беасос меҳисобем ва ба чунин афроди хоину ватанфурӯш нафрату надомат менамоем.

Оре, ҳақ ба гуфтаҳои Фирдавс Каримов, ки мақсади баъзе аз кишварҳои дунё ва баъзе аз зосмонҳои минтақавию байналмилалиро дар пайдо кардани нуфуз дар дигар минтақаҳо медонад. Ҳам дар самти иқтисодӣ ва ҳам дар самти ҳарбиву дигар соҳаҳо. Мароми эшон муттаҳами худ сохтани ин давлатҳо буда, аз қудрати хеш сӯиистифода намуда, манфиат ва ҳуқуқи башарро сӯистифода мекунанд. Ба ин монанд яке аз созмонҳое,ки низомномаи СММ ва Кумитаи ҳуқуқи башарро шикаста бар зидди он фаъолият менамояд ин САҲА мебошад, ки дар асл таҷовузгару тарафдор аз терроризму падидаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад. Имрӯз ташкилоти террористии наҳзат, ки бар зидди Ватани худ мубориза мебаранд фирефтаи онҳо шуданд. Кабири ки роҳбари ин ташкилоти мардумфиреб аст, фик мекунад, ки то охир САҲА пуштибонашон мебошаду, инҳо мардумро фиреб карда, ҳамин тавр мегарданд.

Бояд садди роҳи ин золимон гардид. Маълум мешавад, ки дар муноқишаҳои Шарқи Наздик ва дигар кишварҳои даргир дасти онҳо мебошаду мардумро зери шиканҷаи худ қарор додаанд.

САҲА ҳизби террористи эълоншудаи наҳзатро дар Тоҷикистон, ки фаъолияташ мамнӯъ аст ба конфронси худ даъват намуда, маълум намуд, ки сабабгори асосӣ дар муноқишаҳои кишварҳои мусалмонӣ бахусус Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои даргир дасти онҳо ҳасту сабабгори асосӣ ба ҳисоб мераванд.

Аз ҳамин лиҳоз мо бояд аз фаъолияти инҳо хабардор бошем ва аз хатарҳои онҳо худро эмин нигаҳ дорем.

Қаҳрамониву ҷонфидоиҳои бузургонамон, ба мисли Деваштиҷу Спитамен, Темурмалику Восеъ, Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ва Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи Ватан ва таъмини Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ сабақи ибратомӯз буда, моро водор месозанд, ки ба қадри сулҳу амнияти кишвар расем ва барои муҳофизати он камари ҳиммат бубандем, нагузорем, ки осмони софу беғубор ва фазои ороми диёри биҳиштосоямонро касе халалдор созад.

Тоҷикистон айни ҳол яке аз давлатҳои рӯ ба тараққиниҳодаи қитъаи Осиё ба ҳисоб рафта, тавонистааст, ки дар арсаи байналмиллалӣ мавқеи худро ҳамчун яке аз кишварҳои сулҳосову озодандеш муайян намояд.

Мо аҳли ҷомеаи омӯзгорону зиёиён ҳамеша ва доимо сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва пайравӣ мекунем. Кӯшиш менамоем ҳушёриву зиракии сиёсиро дошта бошем.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ