​Олимпиада: «Фиристода бояд, ки доно бувад…»

3-4-уми майи соли ҷорӣ, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Душанбе даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Фиристода бояд, ки доно бувад…» гардид.

Дар озмун, 13 донишҷӯ Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”-ро аз рӯйи 13 соҳаи илм, аз қабили математика, физика, химия, биология, иқтисодиёт, технологияи иттилоотӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, фалсафа ва сиёсатшиносӣ муаррифӣ намуданд.

Дар натиҷа, донишҷӯёни донишгоҳ 3 ҷойи дуюм, 1 ҷойи сеюм ва 5 Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба даст оварданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар олимпиада аз 39 муассисаи олии таҳсилоти касбии кишвар наздики 326 донишҷӯи ғолиби олимпиадаҳои дохилидонишгоҳӣ ширкат доштанд, ки санҷиши дониши онҳо тариқи тестӣ сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ