​Қадршиносии устодон бо унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил

Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи шаҳри Хуҷанд ду устоди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бо унвон ва ҷоиза сарфароз гардонида шуданд.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи ордени Шараф дараҷаи 2, Саидмурод Ҳоҷиев барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасб, тайёр кардани кадрҳои илмии педагогӣ, таблиғи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, анҷоми корҳои босамари илмӣ-тадқиқотӣ ва таълифи рисолаҳои пурмӯҳтаво бо унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» ва муҳаққиқ, адабиётшинос, шоир, публитсист, муовини директори институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Нуралӣ Нурзод барои фаъолияти назаррас дар ҷодаи илму фарҳанг, аз рӯйи натиҷаи эҷодиёти солҳои охираш дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд бо Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил қадр гаштанд.

Дар маҷлиси тантанавии Рӯзи шаҳри Хуҷанд аз ҷониби раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба Саидмурод Ҳоҷиев унвони ифтихории Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд ва ба Нуралӣ Нурзод Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил тақдим гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ