​Нишасти 176-уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”

Нишасти 176-уми маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашт.

Дар оғоз ҳозирин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои устодону донишҷӯёни коллеҷ дидан намуданд.

Роҳбари маҳфил Саидумрон Саидов чорабиниро ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки дар нишасти 176 маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” олимону адибон, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ширкат доранд ва ин нишаст имкон медиҳад, ки донишҷӯёну устодони ин боргоҳ бо онон аз наздик шинос шаванд.

Директори колеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Манучеҳра Кенҷазода маърӯза карда, гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид доштаанд, ки олимони соҳаи ҷомеашиносӣ ва адибонро зарур аст, ки ба тақдир ва сарнавишти Тоҷикистони соҳибистқлол ва роҳи пурпечутоби тайкардаи миллат дар ин марҳилаи нави таърихии давлатдориву давлатсозӣ бо дидгоҳҳои дигар ва аз равзанаҳои маърифати ҳақиқати таърих назар афканда, барои наслҳои оянда пажӯҳишҳоеро ба вуҷуд оваранд, ки саҳифаҳои ҳақиқати таърихро равшан намуда, сабақи ибратомӯз ба имрӯзу фардо гарданд.

Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Тоҷибой Султонзода доир ба суханронии Пешвои миллат дар Рӯзи забони тоҷикӣ изҳори назар намуда, муҳимтаин нуктаҳои онро мавриди баррасӣ қарор дод. Аз ҷумла, оид ба пешниҳодҳои мушаххас ва ҷолиби Пешвои миллат дар мавриди милликунонии забони технологияҳои навин дар кишвар, таҳияи замонавии барномаи компютерии «Санҷиши дурустнависии калимаҳои тоҷикӣ», таҷдиди назар ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ба вуҷуд овардани “Грамматикаи академии забони тоҷикӣ”, ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид кардани фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ, эҳёи номҳои миллии тоҷикӣ, ба танзим даровардани онҳо ва номҳои ҷуғрофӣ сухан кард.

Баъдан, дар бахши “Навгониҳои илмиву адабӣ”Саноат Ҳайдарова –муовини директори коллеҷи омӯзгории ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳозиринро бо китобҳои тозанашр ошно сохт.

Сипас, Низомиддин Муродӣ, доктори илмҳои филология, профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар мавзӯи “Андар интихоби дӯст” ва Фарзона, Шоири Халқии Тоҷикистон таҳти унвони “Шаккаристони ҷон” баромад доштанд.

Дар идома барномаи адабиву фарҳангӣ манзури ҳозирни гардонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ