​“Ҷавонӣ чун ниҳоли гул бошад...”

Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» маросими ҷамъбасти чорабиниҳои факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” доир гашт.

Чорабинӣ таҳти унвони “Ҷавонӣ чун ниҳоли гул бошад...” ҷараён гирифта, донишҷӯён дар васфи айёми ҷавонӣ ва хушу хотирмон гузаронидани он шеъру ҳикмат қироат намуда, саҳначаҳои ҳаҷвӣ варақсу суруд манзур доштанд.

Дар интиҳо, ба донишҷӯёни факултет ҷиҳати таҳсили хубу намунавӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳо ифтихорнома супорида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ