​Дастоварди шоҳмотбозони донишгоҳ

Бо иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи намудҳои волейбол, бокс, гӯштини тарзи озод, варзиши сабук, шоҳмот, дзю-до, гӯштини миллӣ мусобиқоти варзишӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар даври ниҳоии мусобиқаи ҷумхуриявӣ оид ба шоҳмот 4 донишҷӯ Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”-ро муаррифӣ карданд. Дар натиҷаи рақобат, Уролов Фаррух, донишҷӯи факултети тарбияи ҷисмонӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Ҳамчунин, донишҷӯёни факултети математика Рухсора Муртазоқулова ва Макнуна Умарқулова бо ҳарифони хеш қувва озмуда, мақоми сеюмро касб намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи дуюми мусобиқаҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки байни муассисаҳои олии касбии вилоят баргузор гардид, 7 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба шоҳмот қувваозмоӣ намуда, 4 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюмро сазовор гашта буданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ