​Изҳорот: Амалҳои иғвоангез

Солҳои охир яке аз мушкилиҳое, ки имрȳз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, ин терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлубу хатарсоз мебошад. Амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ ба бақои одаму олам таҳдидҳои зиёде мерасонад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрȳза ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зȳроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Яке аз чунин амалиётҳои террористӣ санаи 6 ноябри соли 2019 аз ҷониби гурȳҳи террористонаи ДИИШ ба дидбонгоҳи сарҳадӣ кишвар дар сарҳади Тоҷикистону Ўзбекистон ба амал омад. Чуноне, ки мақомот баён мекунанд,20 нафар аъзоёни террористии ДИИШ бо мақсади амалӣ намудани ҷинояти худ санаи 3-юми ноябр аз минтақаи Қалъаи Золи Афғонистон ба ҳудуди ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон гузаштанд ва ба ин дидбонгоҳ ҳуҷум карда2 нафарро кушта, чанд нафарро маҷрȳҳ намуданд ва яроқу аслиҳаро тасарруф карданд. Дар асоси фаъолияти фаврии мақомотҳои дохилӣ ҷинояткорон сари вақт бартараф карда шуданд. Дар натиҷа 15 нафар террористон кушта шуда 5 нафари дигар дастгир карда шуданд.

Ин ҳодисаро ташкилоти террористии ДИИШ ба души худ гирифтааст. Аммо имрȳз нафароне ёфт мешаванд, ки ҳодисаромехоҳанд обу ранги дигар дода, барои амали намудани наќшаҳои ғаразнокӣ худ истифода баранд. Шахсоне, ки бо супоришихоҷагони худ мехоҳанд, бо маќсади амалӣ намудани наќшаҳои сиёсӣ ва ғаразнокӣ худ, амнияти миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеаро халалдор созанд.

Аммо имрȳз мардуми тоҷик дигар ба ингуна афрод бовар надоранд. Чӣ гуна будани гурȳҳои ифротӣ ва аъзоёни онро шинохтаанд ва ба суханҳои дурȳғгин ва иғвоангези онҳо бовар надоранд.

Мардуми тоҷик имрȳз сиёсати пешгирифтаи Ҳукуматро дастгирӣ намуда бо донишу фаъолияти худ кȳшиш менамояд, ки барои ободиву созандагӣ саҳмгузор бошанд.

Шарипова Моҳира- омȳзгори кафедраи умумидонишгоҳии фархангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ