​Хомӯшии тааҷҷубовари сарварони ТТЭ ҲНИ ва “Паймон”-и онҳо аз чӣ далолат медиҳад?

Осиёи Миёна яке аз марказҳои тамаддуни волои ҷаҳон ба шумор меравад баъзе аз нокасон, ноҷавонмардоне ки барои ноором кардани вазъи ин минтақа кушиш карда истодаанд ва бо амалҳои ғайри инсониашон миллати худро дар арсаи ҷаҳон паст задаи стодаанд. Аслан ин шахсон на парвои миллат доранду на парвои обрую эътибори давлат дар байни дигар давлатҳо, ин шахсиятҳо ки барои маблағҳои муфти хоҷагони хориҷиашон ба ҳама чи омодаанд на танҳо худашон балки дигар шахсиятҳоро низ бо маблағҳои ҳаром таъмин карда барои шурангези халқро бар зидди ҳукумат мехезонанд.

Санаи14.03.2019. дар сарҳади вилояти Боткенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва яке аз деҳаи Ворухи шаҳри Исфарамуноқишае байни ин ду давлати бо ҳам ҳамсоя, ду давлати дусту рафиқ бо шурангезии баъзе аз шахсоне, ки мехостанд вазъи ду давлатро ноором созанд ба вуқуъ омад мувофиқи малумотҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо сарварии як зан, ки Роза Усарова ном дорад ва ба соҳибкорӣ машғул аст муноқишаро бар зидди мардуми Исфара оғоз карданд ва бо силоҳҳои шикори ба сари марудми бегуноҳ оташ кушоданд. Шояд сармоягузори Роза Усарова ва ҳаммаслаконаш баъзе аз хоҷагони хориҷи бошанд, кимехоҳанд вазъи ин ду давлатро ноором созанд. Магар Хукумати Ҷумҳурии Қирғизистон наметавонад ин ду се навар шурангезро дастгир кунад ва ҷазои сазовор диҳад. Хукумати Қирғизистон ба куҷо нигоҳ кардаистодааст.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизитон муроҷиат карда гуфтаниам, ки ин амалҳои ғайри инсониашонро қатъ кунанд вагарна ин амали ғайриқонунии онҳо боиси ҷанҷол шуда, оқибатҳои ногуворро ба бор меорад.

Як ҳолате тааҷҷубовар аст хоинони миллат ба монанди Кабирию Саидюнус, Шарофиддину Сулаймон ва дигарон, ки худро “ҳомиёни” миллат меҳисобанд ва “муҳофизи” ҳуқуқи инсон меҳисобанд, имрӯз бо шунидани ин ҳодисаҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон хомӯш ҳастанд. Хомӯшии онҳо гувоҳи он аст, ки аз ҳар ҳодисаи бади ба сари миллату давлати мо омада онҳо хурсанд мешавад ва нисбати тақдири давлату миллати тоҷик ягон парвое надоранд. Аҷаб нест, ки дар ин бетартибии қирғизҳо дасти хоҷагони аъзоёни паймони миллӣ ва ТТЭ ҲНИ низ бошад.

Ҳамин тариқ, дар вазъияти ҷаҳони муосир, ки таҳдиду хатарҳо пешорӯи давлату миллатҳои гуногун меоянд, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон бояд нисбати кирдорҳои ҷинояткоронаи нафароне, ки дар сарҳад содир намудаанд, чораҳои қатъӣ андешад ва муносибат, рафоқат, дӯстиву ҳамсоягии таърихи куҳандоштаи ин ду миллатро арзи эҳтиром гузошта, ҳеҷ гоҳ ба ҳангомаҳои бадхоҳону ҷоҳилон дода нашавад. Имрӯз дар дунё қувваи некӣ бадиро мағлуб менамояд ва ягона роҳи таъмини бехатариву суботи давлатҳо ин дустиву рафоқат, ҳамкориҳои судманд, мубориза дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизмба шумор меравад.

И.Р. Ҷабборов, омӯзгори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ