​Бурсияҳои Япония

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳуриии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки Ҳукумати Япония барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи таълимии Вазорати маориф, фарҳанг, варзиш ва илму технологияҳои Япония (MEXT) бурсияҳои таҳсили барои соли 2020 эълон намудааст.

Бурсияҳои кишвари мазкур дар зинаи бакалавр, магистратура ва аспирантура мебошад.

Қабули ҳуҷҷатҳо то 10 июни соли 2019 идома меёбад. Номзадҳо рӯзи 29-30 июни соли 2019 дар Сафорати Япония дар Душанбе тариқи имтиҳони хаттӣ ва мусоҳиба интихоб карда мешаванд.

Маълумоти муфассалро метавонед аз сомонаи https://www.tj.emb-japan.gojp/itprru-scholarship2020/html дастрас намоед.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ