​Санъати суханронӣ ва хусусияти он

Маҳфили навбатии "Пайравони Пешвои миллат"-и донишгоҳ таҳти унвони "Санъати суханронӣ ва хусусиятҳои хоси он" дар факултети физика ва техника баргузор гардид.

Дар он доир ба нақши суханвар, истифодаи аз сарчашмаҳои расмии иттилоотӣ ва додани маълумоти дақиқ, роҳу усулҳои ҷалби шунаванда, ба назар гирифтани синну соли шунаванда ҳангоми бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки ҷалби таваҷҷуҳи шунаванда ҳангоми баромад кардан яке аз рукнҳои муҳими санъати суханварӣ маҳсуб меёбад. Суханвар бояд дарк намояд, ки шунаванда аз ӯ маълумоти ҷолиб ва заруриро гирифтан мехоҳад. Аз ин рӯ, ба худ боварии комил доштан, самимӣ будан, истифода аз далелҳо, асарҳо, овардани мисолҳои мушаххас, мушоҳидакорӣ, нутқи бурро муҳим мебошад.Инчунин намуди зоҳирӣ низ нақши меҳварӣ мебозад. Ҳисси нобовариву ноумедӣ, аз ҳад зиёд оро бахшидани намуди зоҳирӣ, истифодаи зару зевари зиёд ва дигар ашёи диққатҷалбкунанда ба шунаванда имконият намедиҳад, ки масъалаи баёншавандаро пурра дарк намояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ