​Конфронси вилоятӣ: Мақоми ҷавонон дар рушди илм

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи дуюми илмӣ-амалии вилоятии магистрантон таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” бахшида ба соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи ҷавонон баргузор гашт.

Ҷаласаро ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ифтитоҳ бахшида, ба магистрантон ҷиҳати анҷоми корҳои бунёдии илмӣ-тадқиқотӣ муваффақияту комгорӣ таманно намуд. Номбурда зикр дошт, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатии ҷавонон раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров тасмим гирифт, ки дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон конференсияи магистратони ҷавони вилоятро таҳти унвони “Мақоми ҷавонон дар рушди илм” бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари ҷавонон ба корҳои илмӣ–тадқиқотӣ баргузор намояд.

Ректори донишгоҳ аз дастовардҳои ҷавонон истиқбол намуда, қайд кард, ки ҷавонони соҳибистеъдод ва маърифатпарвар баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми арзанда гузошта, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлату ҳукумати Тоҷикистон нерӯи зеҳниву ҷисмии худро равона мекунанд.

Баъдан, магистранти курси дуюми ихтисоси географияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Шодмон Нурматов дар мавзӯи “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – омили пешбарандаи иқтисоди кишвар”, магистранти курси якуми ихтисоси таърих Мафтуна Зунунова оид ба масъалаи “Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии инъикоскунандаи маърифати ҷомеа” ва докторант(PhD)-и курси якуми ихтисоси информатика Набиҷон Аъзамов доир ба “Автоматикунонии раванди бақайдгирӣ - ҳозиршавии кормандон” маърӯза карданд.

Дар интиҳо, Ҷамшед Ҷӯразода ба магистрантон ҷиҳати анҷоми корҳои илмӣ–тадқиқотӣ барору комгорӣ таманно карда, афзуд, ки онҳо дар 14 бахши конференсия, ки 110 маърӯза пешбинӣ шудааст, фаъолона ширкат варзида, баҳри амалан татбиқ намудани донишҳои назариявӣ талош меварзанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ