​Маҳфили «Мазҳари эъҷоз» бахшида ба ашъори Фарзона

Дар раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар доираи 10 - Рӯзи шеъри Шоири Халқии Тоҷикистон устод Фарзона маҳфили адабиву фарҳангӣ таҳти унвони Мазҳари эъҷоз бо ширкати олимону адибон, устодону донишҷӯён ва мухлисони каломи бадеъ баргузор гашт.

Дар маҳфил муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ иштирок дошта, Шоири халқии Тоҷикистон - Фарзонаро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд шодбош намуда, ҳадяи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро тақдим кард.

Профессор Матлубаи Мирзоюнус китоби нави худ “Шарҳи шаст шеъри Фарзона”-ро муаррифӣ дошта, арз кард, ки китоби мазкур барои маърифати шеъри Фарзона дастурамали судманд хоҳад буд.

Номзади илмҳои филология, Мухлиса Нуруллоева доир ба тарҷумаи ашъори Фарзона ба забонҳои дигар, аз қабилиӯзбекӣ, русӣ, ангилисӣ суҳбати илмии густурда анҷом дод.

Адабиётшинос Саидумрон Саидов бо ҳамроҳии шогирдон шеъри "Авфнома”- и мавсуфротаҳлил намуда, баён кард, ки ба ашъори шоира бояст бо дарки вожаву таъбирот ворид шуд ва барои маърифати дурусти шеъри шоира назари фарох ва дониши баланд зарур аст.

Пас аз он донишҷӯён аз ашъори Фарзона намунаҳо қироат ва дар бораи таъсири шеъри шоира ба ҷаҳони ботинии инсон муошира намуданд.

Дар идома, аз ҷониби устодони санъат ва ансамбли созию овозии “Навои ҷавонӣ”-и донишгоҳ барномаи фарҳангиву ҳунарӣ тақдими ҳозирин гардонида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ