​Изҳорот: Мақсади ТЭТ ҲНИ бо зӯрӣ ба сари ҳокимият омадан буд!

Сабаби дар интихобот муваффақ нашудани Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати ислом дар он буд, ки онҳо дар Тоҷикистон на бо дастгирии мадуми маҳаллӣ, бо ёрии хоҷагони хориҷиаш амал мекарданд. Сарвараш Кабирӣ чанд бор дар парлумони кишвар депутат ҳам шуд. Вале бо мурури замон мардум фаҳмид, ки ин ашхос ба тоҷикистониён дӯст нестанд! Онҳо ҳатто баробари шаҳрванди оддии кишвар озод нестанд. Онҳо танҳо ва танҳо супориши хоҷагонашро, ки дар бозиҳои геополитикии ҷаҳон ҳастанд ва бо ниятҳои бадаш даъвоҳои пайдо кардани давлатҳои бо ном "исломӣ" доранд, амалӣ мекардаст.

Баъди интихоботи навбатӣ ба парлумони Тоҷикистон, ки онҳо муваффақ нашуданд, Сарварони ТЭТ ҲНИ ба хориҷа гурехт. Ташкилот худаш дар хориҷа аз тарафи қувваҳое, ки сохти конститутсионии Тоҷикистонро вайрон кардан мехоҳанд, таъсис дода шуда буд. Вале онҳо аз номи мардуми маҳаллии Тоҷикистон мебаромаданд. Худро муслим ва мазлум нишон медоданд. Ҳукумати Тоҷикистон ба онҳо имкони бузург дод. Шартномаи сулҳ имзо карда, 30 дарсади ҳокимияти иҷроияро ба дасти онҳо дод. Вале онҳо аз хоҷагони хориҷиаш даст кашида натавонистанд. Маълум шуд, ки ба онҳо оромии Тоҷикистон даркор набудаст. Ҳадафи онҳо вайрон кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон будаст. Баъди дар интихобот муваффақ нашудан онҳо хостанд бо зӯри ба сари ҳокимият биёяд. Суди олии Тоҷикистон дар асоси факту далелҳо фаъолияти ҲНИ-ро дар кишвар манъ кард. Инро бояд ҳар як шаҳрванди шарафманди Тоҷикистон дуруст дарк кунад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ