​Мактуби иттилоотӣ: Роҳҳои истифодаи методҳои фаъоли таълим дар ҷараёни таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ

22 феврали соли 2020 ба муносибати 70 - солагии номзади илмҳои биологӣ, дотсенти кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳо Валаматова Саъдинисо Мирзоқосимовна конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи “Роҳҳои истифодаи методҳои фаъоли таълим дар ҷараёни таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ” баргузор мегардад. Барои иштирок дар конференсия устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, олимон, докторантон, аспирантон ва магистрантон даъват карда мешаванд.

Самтҳои мавзӯъҳои дар конфронс баррасишаванда:

  • Роҳҳои истифодаи методҳои фаъоли таълим ва технологияҳои инноватсионӣ дар таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ ва тарбияи эстетикӣ дар синфҳои ибтидоӣ;
  • Истифодаи методҳои фаъоли таълим ва технологияҳои инноватсионӣ дар омӯзишифанҳои табииюриёзӣ;
  • Муаммоҳои экологӣ дар таълиму тарбияи хонандагони хурдсол;
  • Тарғиби нишондодҳои Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таълим;
  • Меҳрномаи ҳамкасбон ва шогирдон.

Барои иштирок дар конференсия то 18 январи соли 2020 мақолаҳоро ба кумитаи тадорукот ё ба суроғаи электронии (munirahon74@mail.ru), (uktamalis64@mail.ru) ирсол намоед. Дар заминаи конференсия маҷмӯаи мақолаҳо ба нашр расонида мешавад.

Талабот ва шартҳои қабули мақолаҳо

Ҳаҷми мақола дар барномаи Microsoft Wordто 3 - 6 саҳифаи шакли А4;

Ҳамаи ҳошияҳо аз чап – 2,5 см, аз боло ба поён – 2,0 см, аз рост- 0,5 см., ҳуруфTimes New Roman Tj, андоза-14, фосилаи байнисатрӣ-1,5 воҳид. Номи мақола дар болои саҳифаи аввал, дар мобайн, бо ҳарфҳои сиёҳи сарлавҳавӣ, поёнтар аз он дар фосилаи 1,5 воҳид ному насаби муаллиф оварда шавад.

Телефон: (+992) 92-641-00-74

(+992) 92 -647-57-57

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ