​Аз тинати нопок амали нопок бархезад

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои истиқлолият дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ қадамҳои ҷиддӣ бардошта мудом хоҳони сулҳу оромӣ ва ваҳдату дўстӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад. Тоҷикистон чун актори сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ бар мухолифи ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа муборизаи беамон хоҳад бурд.

Чанде пеш дар қаламрави кишвар амалҳое сар заданд, ки мухолифи тамоми меъёрҳои инсонӣ, динӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ мебошанд. Ин ҳам бошад амалҳои ифротгароёнаи як гурўҳ нохалафон ва худобехабарон аст. Санаи 3-юми ноябри соли равон аз тарафи 20 ҷангҷўи гурўҳи террористии "Давлати исломӣ" ба дидбонгоҳи "Султонобод" дар сарҳади Тоҷикистону Ўзбекистон ҳамлаи маргбор сурат гирифт. Дар иттилооти расмӣ омадааст, ки террористони "Давлати исломӣ" бо мақсади амали намудани ҷинояти худ аз минтақаи Қалъаи Золи Афғонистон ба ҳудуди ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон гузаштаанд ва ба ин дидбонгоҳ ҳуҷум карданд. Дар натиҷаи амалкарди ин гурўҳи бадхоҳон 2 нафар ҷавони тоҷик ҷавонмарг гашта, чанд каси дигар маҷрўҳ шуданд. Онҳо хостанд, ки бо тасарруфи силоҳу аслиҳа ин гуна кирдорҳои худро идома диҳанд. Аммо дар натиҷаи амалиёти сохторҳои қудратӣ пеши ҳаракати ҷиноятпешагон, шайтонсифатон сари вақт гирифта шуд. Тибқи иттилооти расмӣ 15 тан аз ифротгароён дар ҷойи ҳодиса дар вақти амалиёт кушта шуда, 5 нафари онҳо дастгир карда шуд. Пас аз гузашти 2 шабонарўз масъулияти ҳамларо гурўҳи террористии "Давлати исломии Ироқ ва Шом" ба ўҳда гирифт.

Ин гуна гурўҳҳои нохалаф дини исломро бар худ ниқоб карда, ба бовариву эътиқоди баъзе аз ашхоси ба худашон монанд даромада, дар ҷомеаҳои мухталифи минтақаву ҷаҳон кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, зиддидинӣ ва зиддиахлоқӣ анҷом медиҳанд. Худашонро боз ҳомӣ ва пайрави ислом мегиранд. Онҳо чӣ гуна аз ислом ҳарф мезананд, ки худашон одамкушӣ, одамрабоӣ, хиёнат, зулму тааддӣ, нохалафӣ, бадкирдорӣва дигар амалҳои ғайриинсониву ғайриисломӣ мекунанд? Ин гуна гурўҳҳо ғафлатзадаву худозада буда, ба ҳаёти инсоният, миллатҳо ва давлатҳо хатарзо маҳсуб мегарданд. Чаро ки террорист давлату миллат, забону сарҳад, фарҳангу мазҳаб надорад ва ғуломи зархариди "хоҷагони хориҷааш" буда, манофеи онҳоро ҳимоя мекунад. Ҷомеаи Тоҷикистон ин гуна амалҳои ифротиро қатъиян маҳкум менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикисон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳони ҳамеша мубориза бар зидди ин падидаи номатлубро вазифаи аввалиндараҷаи хеш шуморидааст. Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ мебошад ва барои фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ иҷозат додааст. Аммо баъе ҳизбу ҳаракатҳо, амсоли ТЭТ ҲНИ ва Гурўҳи 24аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳанд ақидаҳои нопоки хешро болои мардум таҳмил намоянд. Чунин гурўҳҳои ифротӣ бо дастгириҳои "хоҷагони беруниашон" кўшиш мекунанд, ки вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии кишварро халалдору ноором созанд. Нафароне, ки ин гуна амалҳои номатлубро нисбати ҷамъият ва давлат мекунанд ё карданд, қалбу нияташон ва ботинашон моломоли кибру ғурур, нопокӣ, фисқу фуҷур ва амалҳои аҳриманӣ мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад.

Нест бод кирдорҳои ифротиву ифротгароён!

Бердишукуров А.

мудири кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ