​Осорхонаи донишгоҳ сазовори ҷойи 2-юм гашт

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2019 – 2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" озмуни ҷумҳуриявии “Оинаи таърих” аз рӯи номинатсияи осорхонаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, мамнуъгоҳ, маҷмааҳо, осорхонаҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, деҳотҷойҳо, Хона-осорхонаҳо ва Осорхонаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо гузаронида шуд.

Озмун дар номинатсияи Осорхонаҳои вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо баҳри баланд бардоштани мақому манзалати осорхонаҳо дар ҷомеа, сифати фаъолияти онҳо дар таҳкими базаи моддию техникӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои шаҳрвандон дар осорхонаҳо роҳандозӣ гашт.

Дар натиҷа Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сазовориҷои дуюм гардида, бо дипломи дараҷаи II ва мукофоти пулии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ