​2019: Манижа Воситзода беҳтарин китобхон дониста шуд.

Дар Китобхонаи марказии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” марҳалаи дуюми озмуни ”Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” доир гашт.

Дар озмуни мазкур наздики 40 донишҷӯ аз ҷиҳати фарогирӣ ва баёни мазмуну муҳтаво, сужет, персонажҳои мухталифи асарҳои хондашуда байни ҳам сабқат доштанд.

Ҳайати ҳакамон, ки аз муттахассисони варзидаи адабиётшиносӣ ташкил ёфта буданд, ба маҳорат ва малакаи донишҷӯён баҳогузорӣ намуда, дар натиҷа Манижа Воситзода, донишҷӯи соли дуюми факултети филологияи русро сазовори мақоми аввал дониста, Зебоҷон Муллобоева, донишҷӯи соли сеюми факултети филологияи тоҷик ва Рисолатмоҳ Қурбонова, донишҷӯи соли дуюми факултети биология ва химияро лоиқи мақомҳои баъдӣ шумориданд.

Бояд гуфт, ки ин се донишҷӯ ба даври баъдии озмуни «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019» роҳ ёфта, донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро муаррифӣ менамоянд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ